Ваколатдори ҳуқуқи инсони Ӯзбекистон ба таҳқири муҳоҷирон дар Русия вокуниш кард

Фирӯза Эшматова, ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Ӯзбекистон дар робита ба таҳқири муҳоҷирони кории ӯзбекистонӣ дар шаҳри Екатеринбург ба ҳамтои русиягии худ Татяна Москалкова шикоят кардааст. Эшматова дархост карда, ки ҳуқуқи кории муҳоҷирони Ӯзбекистон дар Русия риоя ва таъмин карда шавад. Ниҳодҳои қудратии ноҳияи Железнодорожнийи Екатеринбург 17 январ дар як сохтмон "рейд" гузаронида, ҷамъан санадҳои 150 […]

Asia-Plus

Фирӯза Эшматова, ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Ӯзбекистон дар робита ба таҳқири муҳоҷирони кории ӯзбекистонӣ дар шаҳри Екатеринбург ба ҳамтои русиягии худ Татяна Москалкова шикоят кардааст.

Эшматова дархост карда, ки ҳуқуқи кории муҳоҷирони Ӯзбекистон дар Русия риоя ва таъмин карда шавад.

Ниҳодҳои қудратии ноҳияи Железнодорожнийи Екатеринбург 17 январ дар як сохтмон "рейд" гузаронида, ҷамъан санадҳои 150 нафарро тафтиш карданд. Аз миёни онҳо 8 кас барои нақзи қонунҳои муҳоҷират аз Русия ихроҷ шуда, ба 4 нафар, ки шаҳрвандии ин кишварро доштаанд, даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ супурда шудааст.

Аксу видеои нашршуда дар интернет нишон медиҳад, маъмурони ҳифзи ҳуқуқи Русия муҳоҷиронро маҷбур менамоянд, ки пайи ҳамдигар дар майдони барфпӯши сохтмон ҳаракат кунанд.

Дар миёни муҳоҷирон шаҳрвандони Ӯзбекистон низ будаанд ва ин манзара норозигии Тошкандро ба бор овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.