Дар Ҳиндустон бори аввал забони форсӣ дар қатори забонҳои классикӣ дар мактабҳо омӯхта мешавад

Забони форсӣ ба унвони яке аз 9 забони классикӣ ба сиёсати нави маориф дар Ҳиндустон ворид карда мешавад. Ин тасмим аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон баррасӣ шудааст. Дар ин бора Субраманиам Ҷайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон дар мулоқот бо ҳамтои эрониаш Ҳусейн Амирабдуллоҳиён зикр кардааст. Ба иттилои хабаргузории “Khaama”, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон гуфтааст, ки “эътирофи […]

Забони форсӣ ба унвони яке аз 9 забони классикӣ ба сиёсати нави маориф дар Ҳиндустон ворид карда мешавад. Ин тасмим аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон баррасӣ шудааст.

Дар ин бора Субраманиам Ҷайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон дар мулоқот бо ҳамтои эрониаш Ҳусейн Амирабдуллоҳиён зикр кардааст.

Ба иттилои хабаргузории “Khaama”, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон гуфтааст, ки “эътирофи забони форсӣ ба унвони як забони классикӣ қадрдонӣ аз мероси ғании забони форсӣ дар сиёсати маорифи Ҳиндустон аст”.

“Ин тасмим робитаҳои мардумӣ ва равобити амиқи фарҳангӣ, адабӣ ва забонии ду миллатро ба ҳам мепайвандад”, – таъкид кардааст Субраманиам Ҷайшанкар.

Ҷайшанкар ҳамчунин дар шабакаи X (собиқ Твиттер) аз сафари дурӯзаи худ ба Эрон бо забони форсӣ ёддошт нашр кардааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло дар Ҳиндустон 9 забон чун забони расмии классикӣ шинохта шудаанд.

Бояд гуфт, ки қабл аз ба мустамликаи Британия табдил шудани Ҳиндустон, форсӣ забони расмии ин кишвар буд ва баъд аз он тақрибан ҳазор сол чун забони илмиву адабӣ истифода мешавад.

Дар аксар донишгоҳҳои ин кишвар ҳам забони форсӣ тадрис мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ба иттилои дастрас ҳоло дар Ҳиндустон ҳудуди як миллион нусха дастхат ба ин забон мавҷуд аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.