Манбаъ: Матлубахон Сатториён вазири нави фарҳанг муаррифӣ шуд

Зулфия Давлатзода аз курсии вазири фарҳанги Тоҷикистон барканор гардид ва Матлубахон Сатториён вазири нави фарҳанг муаррифӣ шуд. Дар ин бора ду манбаъ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, субҳи имрӯз, 29-уми январи соли 2024, Матлубахон Сатториён, ки то ин замон ба ҳайси муовини сарвазири Тоҷикистон фаъолият дошт, ҳамчун вазири нави фарҳанг […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Зулфия Давлатзода аз курсии вазири фарҳанги Тоҷикистон барканор гардид ва Матлубахон Сатториён вазири нави фарҳанг муаррифӣ шуд. Дар ин бора ду манбаъ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, субҳи имрӯз, 29-уми январи соли 2024, Матлубахон Сатториён, ки то ин замон ба ҳайси муовини сарвазири Тоҷикистон фаъолият дошт, ҳамчун вазири нави фарҳанг муаррифӣ шудааст.

Дар ин бора хабари расмӣ то ҳол дар сомонаи Президенти Тоҷикистон ва АМИТ "Ховар" интишор нашудааст.

Бояд гуфт, Матлубахон Сатториён аз моҳи ноябри соли 2020 ҳамчун муовини сарвазири Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Ӯ 52-сола ва номзади илми филология мебошад.

Зулфия Давлатзода чор сол вазири фарҳанги Тоҷикистон буд: ӯ 24 январи соли 2020 ба ин курси нишаст.

Ба гуфтаи ду манбаи мо, сабаби аз вазифа рафтани Зулфия Давлатзода “ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст, вале то ба ҳол курсии нави ӯ маълум нест.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар Вазирати фарҳанги Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд, вале Зулфия Давлатзода дар он ширкат надошт. Ин нишастро муовини аввали вазир Обид Назариён пеш бурд ва ба саволҳои журналистон посух дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.