Ҷоизаи навраси тоҷик дар Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба фанҳои дақиқ

Шоҳрух Фирайдонови 12-сола дар категорияи «Coding» (“Барномасозӣ”) дар International Neo Science Olympiad 2024 зинаи аввалро ишғол кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” падари наврас Қодиршо Фирайдонов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, писараш ҳанӯз замони хурдсолӣ ба кайҳон шавқу ҳавас дошта, васлу ҷамъи LEGO-ро дӯст медошт. “Ман худам муҳандиси алоқа ва коммутатсия мебошам ва аз хурдӣ […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Шоҳрух Фирайдонови 12-сола дар категорияи «Coding» (“Барномасозӣ”) дар International Neo Science Olympiad 2024 зинаи аввалро ишғол кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” падари наврас Қодиршо Фирайдонов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, писараш ҳанӯз замони хурдсолӣ ба кайҳон шавқу ҳавас дошта, васлу ҷамъи LEGO-ро дӯст медошт.

“Ман худам муҳандиси алоқа ва коммутатсия мебошам ва аз хурдӣ дар дили ӯ муҳаббати муҳандисӣ ва барномасозиро бедор кардам. Ҳоло ӯ дар литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ» (филиал дар Ҳисор) таҳсил дошта, аз соли 2021 ба курсҳои робототехника низ машғул аст.

Вақте ки дар «Ҳотам ва ПВ» аз баргузории Олимпиада хабар доданд, мо тасмим гирифтем, ки Шоҳрухро ба он номнавис кунем. Барои омода кардани писарам ба озмун ман ба маркази робототехникии RobX муроҷиат кардам.

Ҳадафи олимпиада ҳалли 30 масъала зудтар аз рақибон бо забони англисӣ дар Python, JavaScript ё Block дар платформаи махсус мебошад», – гуфт Қодиршо.

Бо назардошти таҷрибаи қаблии Шоҳрух дар курсҳои барномасозии Python дар RobX, ӯ ва падараш тасмим гирифтанд, ки дар ин самт қувваозмоӣ мекунанд.

«Бо истифода аз фурсат, ба директори мактаби “Ҳотам ва ПВ” Юсуф Ҳотамов, Суннат аз Маркази Robx ва Саидакбар Аминов, роҳбари синфи Шоҳрух барои дастгирӣ ба писарам изҳори сипос мекунам», – илова кард падари наврас.

International Neo Science Olympiad чист?

Ин олимпиада ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ, миёна ва болоӣ имкон медиҳад, ки қобилияти худро дар фанҳои дақиқ нишон диҳанд.

International Neo Science Olympiad фанҳоеро аз қабили математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ дар бар мегирад.

Ба туфайли ин мусобиқаи санҷиши дониш иштирокчиён тафаккури мантиқӣ ва интиқодӣ ва рафтору ахлоқашонро такмилу инкишоф медиҳанд.

Дар категорияи Барномасозӣ, ки Шоҳрух ҷои аввалро гирифт, тибқи қоидаҳо се иштирокчӣ барои иштирок дар барномаи Гранд Финал, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Ню-Йорк баргузор мешавад, тахфифҳои махсус мегиранд. Шохрух ҳам дар сафи онҳост.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.