Дар Тоҷикистон номи 600 иншооти ҷуғрофӣ иваз мешавад. Бо ташаббуси аҳолӣ

Ояндаи наздик дар Тоҷикистон номи 600 маҳаллаи аҳолинишин ва дигар иншооти ҷуғрофӣ иваз мешавад. Дар ин бора имрӯз, 2 феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал хабар дода шуд. Айни замон 7 қарори ҳукумат оид ба ивазкунии номи иншоот дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Мувофиқи ин ҳуҷҷатҳо, ивази номи иншоот дар 25 ноҳияи вилояти Хатлон, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ояндаи наздик дар Тоҷикистон номи 600 маҳаллаи аҳолинишин ва дигар иншооти ҷуғрофӣ иваз мешавад. Дар ин бора имрӯз, 2 феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал хабар дода шуд.

Айни замон 7 қарори ҳукумат оид ба ивазкунии номи иншоот дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Мувофиқи ин ҳуҷҷатҳо, ивази номи иншоот дар 25 ноҳияи вилояти Хатлон, 4 ноҳияи вилояти Суғд, инчунин якчанд маҳаллаҳои аҳолинишин дар Файзободу Варзоб ва ноҳияи Рӯдакӣ пешбинӣ шудааст.

“Номи онҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест”, таъкид дошт дар нишасти матбуотӣ раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории махсус пеш аз пешниҳоди номи нав барои тасдиқ ақидаи аҳолиро ба инобат мегирад. Ба қавли яке аз мутахассисони Кумита, маҳз норозигии аҳолӣ, ки баъзан қарори ивази номро ба баҳс мекашад, сабаби ба таъхир афтодани қабули қарор мегардад.

Шарифҷон Ҷумъазода зикр кард, ки қариб ҳамаи ташаббусҳои табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишон ва дигар иншооти ҷуғрофӣ аз ҷониби худи аҳолӣ сурат мегиранд.

Зикр шуд, ки ҳоло мувофиқасозии номҳои нави иншооти ҷуғрофӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати адлия ва дигар мақомоти марбута ҷараён дорад. Пас аз ин ҳамаи ҳуҷҷатҳо барои тасдиқ ба ҳукумат ё парлумон фиристода мешаванд.

Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон ивази номи ҳудуди 3,5 ҳазор иншооти ҷуғрофиро дар қаламрави кишвар тасдиқ кард. Миёни онҳо пиряхи бузургтарин дар Помир – Федченко низ буд, ки ба Ванҷях табдили ном кард.

Раиси Кумита ҳамчунин зикр кард, ки табдили номи иншооти ҷуғрофӣ раванди доимӣ буда, минбаъд низ идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио