Танҳо ду ширкат барои ворид кардани бензин ба Тоҷикистон шаҳодатнома гирифтаанд

Date:

Аз 11 дархост барои дастрас кардани шаҳодатнома ҷиҳати ворид намудани бензин ба Тоҷикистон, танҳо ба ду ширкат посухи мусбат дода, 9 дархости дигар мавриди баррасӣ қарор доштаанд. Шаҳодатнома барои ворид кардани бензин ба Тоҷикистон охири соли 2023 ҷорӣ шуд.

Сӯҳроб Ашӯрзода, сардори раёсати стандартонии “Тоҷикстандарт” имрӯз, 5-уми феврал,  зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз оғози соли 2024 танҳо ба ду ширкат – ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон” ва ҶДММ “Ориё-тиҷорат” шаҳодатнома ҷиҳати ворид кардани бинзин ба кишвар додаанд.

Дархости 9 ширкати дигар – ҶДММ “Октан сервис”, ҶДММ “Темур-ойл”,  ҶДММ “Соро-компания”, ҶСП “Аллат”, ҶДМ “Баҳром”, ҶДММ “Гули сурх континент”, ҶДММ “Роҳи Сомон нафт”, ҶДММ “Газ-нафт”, ҶДММ “Нури Дилшод” мавриди баррасӣ қарор доштааст.

Бояд гуфт, дастрас кардани шаҳодатнома барои ворид намудани бензин ба Тоҷикистон охири соли 2023 баъди аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ҳатмӣ шуд.

Дар асоси тағйироти ба қонун воридгардида, шаҳодатнома аз ҷониби Агентии “Тоҷикстандарт” баъди пардохти беш аз 4,3 млн сомонӣ ё 60 ҳазор нишониҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои соли 2024 72 сомонӣ аст) дода мешавад.

Ба ғайр аз ин, барои баррасии ариза зимни гирифтани шаҳодатнома 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (дар соли 2024 720 сомонӣ) пардохт бояд шавад.

Илова бар ин, ҳамасола 60 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё беш аз 4,3 млн сомонии дигар барои фаъолият пардохт бояд кард.

Вақти қабули тағйирот ба қонун масъулини Агентии “Тоҷикстандарт” ҳадафаи онро мутобиқ кардани бензин ба стандартҳои байналмилалӣ ва мутобиқ кардани нуқтаҳои сӯзишворӣ ба қоидаҳои бехатарӣ номида буданд.

Аммо сокинон ба ин назаранд, ки ҷорӣ кардани шаҳодатнома барои воридот ва фурӯши бензин эҳтимол ба нархи бе ин ҳам баланди маводи сӯзишворӣ таъсир расонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...