Танҳо ду ширкат барои ворид кардани бензин ба Тоҷикистон шаҳодатнома гирифтаанд

Аз 11 дархост барои дастрас кардани шаҳодатнома ҷиҳати ворид намудани бензин ба Тоҷикистон, танҳо ба ду ширкат посухи мусбат дода, 9 дархости дигар мавриди баррасӣ қарор доштаанд. Шаҳодатнома барои ворид кардани бензин ба Тоҷикистон охири соли 2023 ҷорӣ шуд. Сӯҳроб Ашӯрзода, сардори раёсати стандартонии “Тоҷикстандарт” имрӯз, 5-уми феврал,  зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз оғози […]

Исматуллоҳи Абдуллоҳ, махсус барои Asia-Plus

Аз 11 дархост барои дастрас кардани шаҳодатнома ҷиҳати ворид намудани бензин ба Тоҷикистон, танҳо ба ду ширкат посухи мусбат дода, 9 дархости дигар мавриди баррасӣ қарор доштаанд. Шаҳодатнома барои ворид кардани бензин ба Тоҷикистон охири соли 2023 ҷорӣ шуд.

Сӯҳроб Ашӯрзода, сардори раёсати стандартонии “Тоҷикстандарт” имрӯз, 5-уми феврал,  зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз оғози соли 2024 танҳо ба ду ширкат – ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон” ва ҶДММ “Ориё-тиҷорат” шаҳодатнома ҷиҳати ворид кардани бинзин ба кишвар додаанд.

Дархости 9 ширкати дигар – ҶДММ “Октан сервис”, ҶДММ “Темур-ойл”,  ҶДММ “Соро-компания”, ҶСП “Аллат”, ҶДМ “Баҳром”, ҶДММ “Гули сурх континент”, ҶДММ “Роҳи Сомон нафт”, ҶДММ “Газ-нафт”, ҶДММ “Нури Дилшод” мавриди баррасӣ қарор доштааст.

Бояд гуфт, дастрас кардани шаҳодатнома барои ворид намудани бензин ба Тоҷикистон охири соли 2023 баъди аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ҳатмӣ шуд.

Дар асоси тағйироти ба қонун воридгардида, шаҳодатнома аз ҷониби Агентии “Тоҷикстандарт” баъди пардохти беш аз 4,3 млн сомонӣ ё 60 ҳазор нишониҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои соли 2024 72 сомонӣ аст) дода мешавад.

Ба ғайр аз ин, барои баррасии ариза зимни гирифтани шаҳодатнома 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (дар соли 2024 720 сомонӣ) пардохт бояд шавад.

Илова бар ин, ҳамасола 60 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё беш аз 4,3 млн сомонии дигар барои фаъолият пардохт бояд кард.

Вақти қабули тағйирот ба қонун масъулини Агентии “Тоҷикстандарт” ҳадафаи онро мутобиқ кардани бензин ба стандартҳои байналмилалӣ ва мутобиқ кардани нуқтаҳои сӯзишворӣ ба қоидаҳои бехатарӣ номида буданд.

Аммо сокинон ба ин назаранд, ки ҷорӣ кардани шаҳодатнома барои воридот ва фурӯши бензин эҳтимол ба нархи бе ин ҳам баланди маводи сӯзишворӣ таъсир расонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.