Тоҷикистону Қирғизистон боз як протокол имзо карданд

Ин тавофуқ дар вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, ки дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон аз 30-юми январ то 5-уми феврали соли 2024  баргузор гардид, ҳосил шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабар медиҳад. […]

Asia-Plus

Ин тавофуқ дар вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, ки дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон аз 30-юми январ то 5-уми феврали соли 2024  баргузор гардид, ҳосил шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховарбо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабар медиҳад.

“Дар вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 3,71 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки аз натиҷаи мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расида, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Протоколро роҳбарони кумитаҳои замини ду кишвар имзо карданд.

Маълум нест, ки мушаххас кадом қитъаҳои сарҳад мувофиқа шудааст.

Бояд гуфт, ки дар соли 2023, бахусус дар моҳҳои ахир, комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсия ва  демаркасияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти худро ҷоннок карда, пайваста ҷаласаҳо баргузор карданд. Танҳо дар се моҳи охири соли гузашта ҳудуди 200 км марзи давлатӣ миёни ду кишвар мувофиқа карда шуд. Ҳамчунин, дар моҳи январи соли равон боз зиёда аз 38 километри марзи давлатӣ мувофиқа карда шуд.

Қаблан, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст.

Рӯзи 10-уми январи соли 2024 Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия пас аз вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров низ дар ин робита аввали моҳи декабр зикр карда буд, ки анҷоми ҳамаи корҳои оид ба таъйин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо баҳори соли 2024 дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти марз мушаххас ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда баҳсбарангез дониста мешаванд.

Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.