Чоргоники навзод ба хонаи иҷораи волидон рухсат дода шуданд

Сумая, Осия, Алия ва Аҳмадҷон – номҳое ҳастанд, ки волидони чоргоникҳо қасд доранд ба фарзандонаш гузоранд. Ин тифлакон ҳафтае қабл дар таваллудхонаи “Истиқлол” ба дунё омаданд ва дирӯз, 5-уми феврал ба хонаи иҷораи волидон рухсат шуданд. Табибон вазъи саломатии онҳоро хуб арзёбӣ мекунанд. Қаноатшо Худоёров, падари чоргоникҳо аз тавлиди фарзандон  хушҳол аст. Ӯ мегӯяд, интизор […]

Эмомалӣ Саидзода ва Дилбар Раҳмонова, Asia-Plus

Сумая, Осия, Алия ва Аҳмадҷон – номҳое ҳастанд, ки волидони чоргоникҳо қасд доранд ба фарзандонаш гузоранд. Ин тифлакон ҳафтае қабл дар таваллудхонаи “Истиқлол” ба дунё омаданд ва дирӯз, 5-уми феврал ба хонаи иҷораи волидон рухсат шуданд. Табибон вазъи саломатии онҳоро хуб арзёбӣ мекунанд.

Қаноатшо Худоёров, падари чоргоникҳо аз тавлиди фарзандон  хушҳол аст. Ӯ мегӯяд, интизор надошт, ки ҳамсараш чоргоник ба дунё меорад. Тифлҳо солиму бардам ба дунё омаданд ва ҳар кадом беш аз 2 кг вазн доранд. Ҳоло тамоми хешу табор барои дидани ин тифлакон ба хонаи Қаноатшоҳ омадаанд. Хонаи иҷорае, ки ҳар моҳ барои он 4 ҳазор сомонӣ пардохт бояд кард.

Падари чоргоникҳо қабл аз тавлиди кӯдакон дар сохтмон кор мекард, аммо баъди тавлиди навзодҳо як ҳафта аст, ки бекор аст. Ӯ мегӯяд, ҳоло пайдо кардани коре, ки ҳам иҷораву хароҷоти хона ва ҳам ғизову эҳтиёҷоти  кӯдаконро таъмин кунад, мушкил аст.

Гулзира Мирзобекова, модари чоргоникҳоро ҳам ҳамин фикр ба ташвиш овардааст. Ӯ мегӯяд, бисёр хуб мешуд, агар ҳади ақал дар пойтахт барояшон як  манзили якҳуҷрагӣ ҷудо мекарданд. Ин кори хайр мушкили онҳоро чандин маротиб осонтар мекард.

Дар Тоҷикистон тавлиди чоргоник ва ё зиёда аз он қаблан низ сабт гардидааст. Дар аксари ҳолат, ҳукумати кишвар ва шахсони алоҳида ба волидони тифлон кӯмакҳо кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.