“Барои ҷон додан ва ҷонеро наҷот бахшидан”. Ба 13 нафар ҷоизаи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” дода шуд

Ба 7 афсару сарбозе, ки дар низоъи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳифзи марзу бум ҷон доданд, пас аз марг ҷоизаи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” дода шуд. Ин ҷоиза аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2023 ба 13 нафар тақдим гашт, ки 7 нафари онҳо дар низоъи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷон […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ба 7 афсару сарбозе, ки дар низоъи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳифзи марзу бум ҷон доданд, пас аз марг ҷоизаи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” дода шуд.

Ин ҷоиза аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2023 ба 13 нафар тақдим гашт, ки 7 нафари онҳо дар низоъи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷон додаанд.

Дилошӯб Розиқзода, як масъули тақдими ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба “Азия-Плюс” гуфт, барои гирифтани ҷоизаи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор наздики 80 пешниҳод омада буд.

Ба гуфтаи ӯ, аз миёни ҳама пешниҳодҳо доварон аз рӯи корнамоии нишондодаашон ба 13 нафар ҷоизаи мазкурро тақдим карданд.

“Ҷоизаи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” ба сарбозону афсароне дода шуд, ки дар роҳи ҳифзи марзу бум ҷон доданд, ҷони касеро наҷот бахшиданд ё ба ин монанд корнамоии шоён анҷом доданд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Розиқзода гуфт, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 3 сол инҷониб ҷоизаи мазкурро эҳдо мекунад ва солҳои оянда низ он давом хоҳад кард.

Афсарону сарбозоне, ки дар низоъи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷон дода, бо ҷоизаи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” қадрдонӣ шуданд:

1. Абдулҳаев Шуҳрат Ҷумъахонович – сарбози қаторӣ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон;

2. Муминов Салоҳиддин Алохонович – сарбози қаторӣ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон;

3. Қаюмов Мансур Абдусаломович – Афсари мерганти гуруҳи якуми қисми ҳарбии 3505-и Қушунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Султонов Ҳодихон Сироҷиддинович – ваколатдори оперативии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара;

5. Одинаев Муҳаммадҷон Ҳусейнович – сарбози қаторӣ аз Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Солеҳов Назрулло Баёнович – сарбози қаторӣ аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7. Набизода Ҷамшед Асомиддин – муовини камандир оид ба техника ва аслиҳаи ҷангии қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Дигар нафароне, ки корнамоии шоён анҷом додаанд:

8. Зикруллозода Раҳмоналӣ Маҳмадҷон –сарбози қаторӣ аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Муратов Аблувалӣ Абдурауфҷонович – хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 0215-и  Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10. Раҷабов Фарҳод Азизмадович – хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 0307 Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Мирзоев Аслиддин Оқилҷонович – корманди гурӯҳи 2- юми Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ дар минтақаи Рашти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12. Муҳиддинов Орзумурод Аҳлиддинович – афсари калони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ – наҷоддиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

13. Файзалиев Муҳаммад Маҳмадиевич – курсанти Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки қаблан барои пос доштани ному ёди афсарону сарбозони дар муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷонбохта чанд кӯча, ҷамоат ва мактабҳо номгузорӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.