Мозаикаи бинои собиқи ТВ “Сафина” боқӣ мемонад

Ширкати паймонкори маркази тиҷоратии нав ваъда медиҳад, ки мозаика (наққошӣ дар санг) ё худ фрескаи таърихии “Шашмақом” дар собиқ бинои телевизиони “Сафина” боқӣ монда, он дар ҷойи нав гузошта мешавад. Сарнавишти бинои таърихии собиқи Филармония, ки солҳои ахир дар он шабакаи телевизионии «Сафина» ҷойгир буд ва эҳтимоли аз даст додани мозаикаи нодире, ки онро рассоми […]

Asia-Plus

Ширкати паймонкори маркази тиҷоратии нав ваъда медиҳад, ки мозаика (наққошӣ дар санг) ё худ фрескаи таърихии “Шашмақом” дар собиқ бинои телевизиони “Сафина” боқӣ монда, он дар ҷойи нав гузошта мешавад.

Сарнавишти бинои таърихии собиқи Филармония, ки солҳои ахир дар он шабакаи телевизионии «Сафина» ҷойгир буд ва эҳтимоли аз даст додани мозаикаи нодире, ки онро рассоми маъруф Асрор Аминҷонов ороста буд, баҳсҳои доғеро дар миёни сокинони Душанбе ба бор овард.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора дар паёмҳои сершумор изҳори нигаронӣ кардаанд. Эҳсосот замоне бештар шуд, ки ҳафтаи гузашта атрофи бинои ТВ “Сафина” бо девори сохтмонӣ (панҷара) иҳота ва эълон шуд, ки дар он як маркази муосири тиҷоратӣ бунёд мешавад.

Бо дарназардошти он, ки мозаикаи ороиши бинои собиқи телевизион яке аз маъруфтарин дар шаҳри Душанбе аст, мо барои фаҳмидани сарнавишти он бо намояндагони ширкати бинокор дар тамос шудем.

Масъули робита бо ВАО-и ширкати биносоз ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бо супориши раиси шаҳри Душанбе тасмим гирифта шуд, ки мозаикаи таърихӣ барои наслҳои ояндаи шаҳрвандон ҳифз карда шавад.

“Мо дида истодаем, ки аҳли ҷомеа нисбат ба тақдири мозаика нигаронӣ мекунад ва хуб мефаҳмем, ки ҳар як сангу ҳар як пораи мозаика қисмате аз таъриху фарҳанг аст. Бо дастури шаҳрдори Душанбе тасмим гирифта шуд, ки он боқӣ мемонад ва ҳоло бо мутахассисони аврупоӣ дар соҳаи таъмиру барқарорсозӣ музокирот идома дорад. Онҳо бо риояи тамоми чораҳои эҳтиётӣ мозаикаро барканда, барқарор ва дар ҳудуди маркази тиҷоратӣ, ки дар ҷойи бинои собиқи телевизиони «Сафина» бунёд шуда, пули байни гузашта ва оянда мегардад, насб мекунанд”, – хабар дод номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҷустуҷӯи варианти беҳтарини ҳамгиро кардани мозаикаи таърихӣ ба тарҳи бинои нав идома дорад.

«Мо итминон дорем, ки бунёди маркази тиҷоратӣ бо ҳамгироии мозаика натанҳо санъати нотакрорро барои наслҳои оянда нигоҳ медорад, балки ба он ҷони тоза мебахшад ва ба яке аз макони писандидаи Душанбе табдил хоҳад ёфт», – хулоса кард намояндаи ширкат.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио