Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин ба Қазон рафт

Имрӯз, 21-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, президенти Русия барои ширкат дар маросими кушодашавии “Бозиҳои оянда” ба шаҳри Қазон рафт. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки раисиҷумҳурро дар cафари корӣ, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои […]

Asia-Plus

Имрӯз, 21-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, президенти Русия барои ширкат дар маросими кушодашавии “Бозиҳои оянда” ба шаҳри Қазон рафт. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки раисиҷумҳурро дар cафари корӣ, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби ин сафар ба Русия бо ҳамтоёни худ дар кишварҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла раисиҷумҳури Русия мулоқот хоҳад кард ё на.

Дар маросими ифтитоҳи бозиҳо ҳамчунин раисони ҷумҳури Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

"Бозиҳои оянда" мусобиқаҳои бузургест, ки намудҳои классикии варзиш, коркардҳои илмӣ ва технологияҳои рақамиро дар бар мегиранд.

Мусобиқа аз 21 феврал то 3 март дар Қазон баргузор мешавад ва дар он 227 даста аз 107 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд.

«Бозиҳои оянда» як мусобиқаи васеъмиқёси гуногунҷанбаи варзишӣ мебошад, ки мусобиқаҳои варзиши фиҷиталро дар бар мегирад.

Ин формати нави рақобат аст, ки дастаҳо аввал дар варзишҳои воқеӣ ва сипас дар бозиҳои киберӣ, ки ин риштаҳои варзишро тақлид мекунанд, рақобат мекунанд.

Мусобиқа 21 намуд, аз қабили футбол, баскетбол, хоккей, пойга ва ғайраро дар бар мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.