Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин мулоқот кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Қазони Тотористон қарор дорад, шоми дирӯз, 21-уми феврал, бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқот кард. Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки зимни вохӯрӣ ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд. Ба навиштаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар […]

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Қазони Тотористон қарор дорад, шоми дирӯз, 21-уми феврал, бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқот кард.

Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки зимни вохӯрӣ ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд.

Ба навиштаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, ҷониби Русияро барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда” шодбош гуфт.

“Сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Русия, ки моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Москав баргузор гардида буд ва ҳамчунин нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии моҳи декабри соли гузашта доиргардида баҳои баланд доданд”, – зикр мегардад.

Дар ҷараёни мулоқоти роҳбарони ду кишвар зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши дуҷонибаи мол дар соли 2023 2,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 800 миллион доллари амрикоӣ расид ва Русия пешсафии худро дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нигоҳ дошт.

Ҳамчунин, масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, ба мисли энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷират, маориф ва фарҳанг низ баррасӣ гардида, мувофиқаҳои зарурӣ ба даст омадааст.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 21-уми феврал, ба шаҳри Қазон сафар кард. Ӯ пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Русия, дар маросими ифтитоҳи аввалин “Бозиҳои оянда” иштирок кард ва бо забони тоҷикӣ ба иштирокчиёни он барор хост.

Дар ин бозиҳо 35 варзишгари тоҷик низ иштирок дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.