“Бе чуну чаро ҳозир шавед!”. Дар Тоҷикистон барои дарсгурезӣ волидонро ба мақомот даъват кардаанд

Дар Ӯзбекистон беш аз 12 ҳазор падару модареро, ки дар тарбияи фарзандон бемасъулиятона рафтор карданд, ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Дар Тоҷикистон бошад, волидони хонандагонро ба мақомоти додситонӣ даъват кардаанд. Ба иттилои хабаргузории узбекии Kun.uz, дар соли 2023 беш аз 12 ҳазор волидайне, ки дар тарбияи фарзандон бемасъулиятона рафтор кардаанд, тибқи моддаи 47, қисми 1-и Кодекси ҷавобгарии […]

Дар Ӯзбекистон беш аз 12 ҳазор падару модареро, ки дар тарбияи фарзандон бемасъулиятона рафтор карданд, ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Дар Тоҷикистон бошад, волидони хонандагонро ба мақомоти додситонӣ даъват кардаанд.

Ба иттилои хабаргузории узбекии Kun.uz, дар соли 2023 беш аз 12 ҳазор волидайне, ки дар тарбияи фарзандон бемасъулиятона рафтор кардаанд, тибқи моддаи 47, қисми 1-и Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ӯзбекистон (иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба тарбия ва таълими фарзанд) ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Ин ҷазо ба хотири дарсгурезӣ ва бидуни назорат гузоштани хонандагони мактаб нисбати волидонашон татбиқ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Душанбе ҳам бархе падару модаронро барои ба дарс ҳозир нашудани фарзандонашон ба мақомот даъват кардаанд.

Як гурӯҳ волидайни хонандагони пойтахт ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки барои зиёда аз 40 соат ба дарс ҳозир нашудани фарзандонашон пагоҳ, 22-юми феврал, ба Додситонии шаҳри Душанбе даъват шудаанд.

“Новобаста аз оне ки маълумотномаи тиббӣ пешниҳод шудааст ё не, ба додситонӣ бояд ҳозир шуд”, – зикр карданд чанде аз волидон.

Ба гуфтаи онҳо, директори мактабе дар Душанбе (исми директор ва рақами мактаб дастраси “Азия-Плюс” ҳаст) ба ин волидон гуфтааст, “бе чуну чаро рӯзи панҷшанбе бо шиносномаи худ ва шаҳодатномаи фарзанд ба прокуротураи (додситонии) шаҳри Душанбе ҳозир шаванд”.

Ҳоло сабаби дақиқи даъвати падару модарон ба мақомоти додситонӣ маълум нест. Барои шарҳи ин мавзӯъ масъулини Додситонии шаҳри Душанбе ба тамосҳои пайдарпайи “Азия-Плюс” посух надоданд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон соли 2011 Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд, ки мақсади он “пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд” арзёбӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки давоми беш аз 13 сол садҳо падару модарон барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд ҷазо ё ҷарима шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.