Сокини Восеъ барои нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба духтараш ҷарима шуд

Як сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон барои сабти ном накардани духтараш дар идораи САҲШ ва нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд 192 сомонӣ (ҳудуди 15 доллар) ҷарима шудааст. Дар ин бора Додситонии кулли кишвар хабар медиҳад. Манбаъ, аз ин сокини ноҳияи Восеъ, Воҳид Тоштемиров ном мебарад, ки ба духтараш  Фараҳноз Тоштемурова бо гузашти ду сол шаҳодатномаи таваллуд нагирифтааст. […]

Як сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон барои сабти ном накардани духтараш дар идораи САҲШ ва нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд 192 сомонӣ (ҳудуди 15 доллар) ҷарима шудааст. Дар ин бора Додситонии кулли кишвар хабар медиҳад.

Манбаъ, аз ин сокини ноҳияи Восеъ, Воҳид Тоштемиров ном мебарад, ки ба духтараш  Фараҳноз Тоштемурова бо гузашти ду сол шаҳодатномаи таваллуд нагирифтааст.

– Ин қонуншиканӣ аз ҷониби додситонии ноҳияи Всоеъ зимни санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ошкор карда шуд, – омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.

Додситонии кул мегӯяд, дар асоси талаботи қонунгузорӣ волидайн муваззафанд, ки фарзандони худро дар давоми се моҳи баъди таваллуд дар идораи САҲШ сабти ном кунанд ва шаҳодатномаи таваллуд гиранд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки бо қарори додгоҳи ноҳия рӯзи 22 апрел падари духтар Воҳид Тоштемуров ба маблағи 192 сомонӣ ҷарима шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли гузашта коҳиши сабти номи таваллуди кӯдакон мушоҳида шуда, ҳамин тариқ, дар соли 2021-ум 218 ҳазору 206 тифли навзод ба қайд гирифта шудааст (дар соли 2020 – 239 ҳазору 946).

Сабаби поин рафтани ин нишондод ба гуфтаи масъулини  Вазорати адлия, шитоб накардани волидайн ба сабти ном кардани кӯдакони навзодашон мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.