Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон терминалҳоро барои қабули пулҳои нав таҷдид мекунанд

Дар Тоҷикистон корҳои навсозии терминалҳои ташкилотҳои қарзӣ ва агентҳои пардохти бонкии онҳо ҷараён дорад. Корҳои таҷдид барои қабули пулҳои коғазии намунаи нав, ки соли 2023 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нашр шудааст, гузаронида мешаванд. Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, аксари терминалҳои дар кишвар фаъолиятдошта аз таҷҳизоти қабули пулҳои коғазии истеҳсоли хориҷӣ истифода мекунанд, ки дигар аз […]

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон корҳои навсозии терминалҳои ташкилотҳои қарзӣ ва агентҳои пардохти бонкии онҳо ҷараён дорад. Корҳои таҷдид барои қабули пулҳои коғазии намунаи нав, ки соли 2023 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нашр шудааст, гузаронида мешаванд.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, аксари терминалҳои дар кишвар фаъолиятдошта аз таҷҳизоти қабули пулҳои коғазии истеҳсоли хориҷӣ истифода мекунанд, ки дигар аз истеҳсолот гирифта шудаанд ва ба навсозии таъминоти барномавӣ барои шинохти пулҳои нав созгор нестанд. Таъминкунандаи ин таҷҳизот ба ташкилотҳои қарзӣ харидани модели навро пешниҳод кардааст, ки нархи 1 адади он 700-800 долларро ташкил медиҳад.

Аммо бо назардошти он, ки баъзе ташкилотҳои қарзӣ ва агентҳои онҳо шумораи зиёди терминалҳо доранд, якбора харидани таҷҳизот маблағи зиёдро талаб мекунад ва ин метавонад ба вазъи молиявии онҳо ва сифати хидматрасонӣ ба мизоҷон таъсир расонад.

Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро муваззаф кардааст, ки то охири соли 2024 ҳама мушкилоти мавҷударо бартараф намуда, қабули пулҳои навро дар терминалҳои амалкунанда таъмин кунанд. Барои ҳалли ин масъала ташкилотҳои қарзӣ ва агентҳои пардохти бонкӣ таҷҳизоти қабули пулҳои коғазиро дар терминалҳо тадриҷан иваз карда, инчунин навъҳои нави таҷҳизоти қабули пулҳои коғазии дигар истеҳсолкунандагонро бо арзиши камтар месанҷанд.

То 31 декабри соли 2023 551 терминал таҷдид шуда, мушкилоти мавҷудаи он бартараф ва қабули пулҳои коғазии намунаи нав таъмин карда шудааст. Дар назар аст, ки давоми соли 2024 қабули пулҳои коғазии нав аз ҷониби терминалҳо дар саросари қаламрави кишвар таъмин карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио