Блогерону журналистон ба ҳам омаданд. Онҳо саводнокии худро баланд бардоштанд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон  барои як  гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони ҷавон аз вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеъи марказ давраи омӯзиши саводнокии шабакаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид.  Ин чорабинӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи саводнокии иштирокчиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сатҳи таҳияи муҳтавои […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон  барои як  гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони ҷавон аз вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеъи марказ давраи омӯзиши саводнокии шабакаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид.  Ин чорабинӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи саводнокии иштирокчиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сатҳи таҳияи муҳтавои босифат, сатҳи одобу ахлоқи блогерон  ва сатҳи донишҳои ҳуқуқии блогерон доир гардид.

Дар ин давраи омӯзишӣ иштирокчиён муҳимтарин ҷанбаҳои пешбурди фаъолияти блогериро омӯхта, бо майлонҳои нави он ошно шуданд. Аз ҷумла, иштирокчиён дар давраи омӯзишӣ чӣ тавр пеш бурдани блог дар платформаҳои Instagram, Х (Twitter), Facebook ва YouTube ва усулҳои самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоиро аз худ намуданд.

Ҳамчунин, иштирокчиён тарзи эҷоди муҳтавои босифат, сабту таҳрири навор, интихоби дурусти мавзӯъ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ, риояи қонунҳо ва пешбурди фаъолияти блогерӣ аз рӯи қонун, роҳҳои васеътар намудани аудитория ва дарёфти даромади молӣ аз блогро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Дар давраи омӯзишӣ иштирокчиён ба саволҳои худ аз мутахассисон ҷавобҳои аниқ гирифтанд.

Зикр гардид, ки самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ  ба рушди шахсият, дастрас намудани иттилооти дуруст, дарёфти даромади молӣ барои пешбурди зиндагӣ, кӯмак ба  ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангу донишҳои муштариёни блогҳо боис мешавад.

Дар давраи омӯзишӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки донишҳои гирифтаи иштирокчиён ба рушди фаъолияти блогерӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ ва баланд шудани имиҷи кишвар дар интернет мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.