“Вақт, нобоварӣ ба худ ва шарм”. Монеаҳои аслии рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

Дирӯз, 6-уми март, дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмиллалии занон таҳти унвони “Занон дар сафи пеш” бо мақсади муаррифии бонувони соҳибкор, рӯнамоии мушкилот ва душвории ин соҳа ва мубодилаи таҷриба миёни соҳибкорзанон вохӯрии намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Агентии ИМА дар самти рушди байналмилалӣ – USAID ва […]

Asia-Plus

Дирӯз, 6-уми март, дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмиллалии занон таҳти унвони “Занон дар сафи пеш” бо мақсади муаррифии бонувони соҳибкор, рӯнамоии мушкилот ва душвории ин соҳа ва мубодилаи таҷриба миёни соҳибкорзанон вохӯрии намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Агентии ИМА дар самти рушди байналмилалӣ – USAID ва сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ташкил шуд. Дар он сафири ИМА Мануэл Микаллер, сардори Раёсати рушди гендерӣ ва робитаҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳир Акобирова, намояндагони сохторҳои гуногуни ҳукумати кишвар ва занони соҳибкор иштирок намуданд.

“Занон барои ҷомеа нақши ҳаётӣ доранд. Ҳадафи ин чорабинӣ низ ба ҳам овардани намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ барои ҷалби занон дар пешбурди соҳибкории хурд мебошад. Зеро 50% нерӯи кории ҷомеаро занон ташкил медиҳанд ва бо нерӯманд гардонидани занон мо ҷомеаро нерӯманд мекунем”, – қайд намуд Мануэл Микаллер.

Чорабинӣ аз ду муҳокимаи панелӣ – яке бо иштироки бонувони соҳибкор ва дигаре бо ширкати намояндагони ҳукумати кишвар иборат буд. Соҳибкорзанони муваффақи кишвар аз соҳаҳои гуногун, мисли бонкдорӣ, сайёҳӣ, истеҳсолоти сабук, IT ва кишоварзиву ҳунармандӣ, зимни суҳбат бо ҳозирин сири муваффақияти худро ифшо намуда, оид ба мушкилиҳои ҷойдошта дар бахши соҳибкорӣ ҳарф заданд. Ба қавли бонувон, монеаҳои асосии нокомии занон дар соҳибкорӣ  “вақт, нобоварӣ ба худ ва шарм” аст.

Дар муҳокимаи дуюм бошад, оид ба иқдомҳои ҳукумати кишвар барои рушди соҳибкории занон, ҳимояву дастгирии онҳо, омор ва имкониятҳои вуҷуддошта барои бонувон сухан рафт.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ маҳсулоти истеҳсоли соҳибкорзанон – аз маҳсулоти кишоварзиву қаннодӣ то маводи дастдӯзу дастовардҳои технологӣ ба маъраз гузошта шуд. Ҳозирин имкон доштанд, бо дастранҷи бонувон шинос шуда, онҳоро харидорӣ намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.