Агентии обуҳавошиносӣ: Ҳаво дар Тоҷикистон якбора сард мешавад

Рӯзи 13 март дар Тоҷикистон обуҳавои хеле ноустувор дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, боришот (борон, дар баъзе ноҳияҳо бо гузариш ба барфи тар), баъзан боришоти пуршиддат пешбинӣ мешавад. Дар ноҳияҳои воқеъ дар водиҳо ва доманакӯҳ рӯзона 10-12 дараҷа поинравии ҳарорат дар назар аст. Тавре ки […]

Asia-Plus

Рӯзи 13 март дар Тоҷикистон обуҳавои хеле ноустувор дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, боришот (борон, дар баъзе ноҳияҳо бо гузариш ба барфи тар), баъзан боришоти пуршиддат пешбинӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои воқеъ дар водиҳо ва доманакӯҳ рӯзона 10-12 дараҷа поинравии ҳарорат дар назар аст.

Тавре ки Агентӣ хабар медиҳад, пагоҳ, 13 март дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барфи тар, дар назар буда, шабона бошиддат меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5º гарм, рӯзона 5+7º гарм мешавад. Рӯзи 14 март ҳаво боз гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, боришот (борон, барф) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º хунук, рӯзона 3+8º гарм дар баъзе ноҳияҳо то 1-3° хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º хунук, рӯзона -2+3º мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, боришот (борон, барф) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 0+5º гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º хунук, рӯзона -4+1º мешавад.

Обуҳавошиносон ҳамчунин огоҳ мекунанд, ки аз 12 то 14 мат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи тобеъи марказ, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва ғарби ВМКБ хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад.

Рӯзҳои 12-13 март дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон ҳодисаҳои селфароӣ аз эҳтимол дур нест.

Ҳамчунин дар робита ба боришот рӯзҳои 13-14 март дар дарёҳои Яхсу, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳои доманакӯҳи қаторкӯҳи Ҳисор болоравии сатҳи об дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март барфи зиёд борид ва мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд, ки давоми тамоми моҳ дар Тоҷикистон обуҳавои тағйирёбанда бо боришот ва ҳарорати гуногун пешбинӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.