ИМА мақомоти Тоҷикистонро ба ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон даъват кард

Дар Тоҷикистон бояд ҳуқуқи хабарнигорон ба озодии баён риоя шавад. Дар ин бора дар паёми табрикии сафир Мануэл П. Микаллер аз номи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ки ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар саҳифаи сафорат дар  Facebook нашр шудааст, сухан меравад. “Расонаҳои озоду мустақил ба ҷомеа имкон медиҳанд, ки ба иттилоот пайваст шаванд, қарорҳои оқилона […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон бояд ҳуқуқи хабарнигорон ба озодии баён риоя шавад. Дар ин бора дар паёми табрикии сафир Мануэл П. Микаллер аз номи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ки ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар саҳифаи сафорат дар  Facebook нашр шудааст, сухан меравад.

“Расонаҳои озоду мустақил ба ҷомеа имкон медиҳанд, ки ба иттилоот пайваст шаванд, қарорҳои оқилона қабул кунанд ва андешаҳои гуногунро бишнаванд”, – омадааст дар паём.

Гуфта мешавад, матбуоти мустақил як унсури асосии бунёди демократия дар Тоҷикистон ва дар саросари ҷаҳон аст.

«Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рушди касбии журналистонро дар Тоҷикистон фаъолона дастгирӣ мекунад. Мо ин корро тавассути барномаҳои мубодила, дарсҳои забони англисӣ, сафарҳои иттилоотӣ ва дастгирии техникии расонаҳо анҷом медиҳем”, – зикр мешавад дар табрикот.

Дар он ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шудааст, ки аз ҳуқуқи хабарнигорон ҳимоят кунад ва озодии баёни онҳоро эҳтиром кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.