Боздошти корманди хадамоти роҳи Душанбе ба гумони қаллобӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди МД «Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» ба гумони қаллобӣ хабар дод. Тавре ки Агентии мазкур хабар медиҳад, саркори муассиса А.Файзов дар давраи фаъолияти кориаш аввали моҳи апрели соли 2022 ба шаҳрванд А.Қурбонов ваъда медиҳад, ки бо маблағи муайян […]

Asia-Plus

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди МД «Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» ба гумони қаллобӣ хабар дод.

Тавре ки Агентии мазкур хабар медиҳад, саркори муассиса А.Файзов дар давраи фаъолияти кориаш аввали моҳи апрели соли 2022 ба шаҳрванд А.Қурбонов ваъда медиҳад, ки бо маблағи муайян ӯро бо кор дар муассиса таъмин мекунад.

“Барои ин ӯ аз Қурбонов 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда медиҳад, ки дар таъини Қурбонов ба вазифаи сармуҳосиби муассиса кумак мекунад. Минбаъд ӯ ягон амали муайянро иҷро накарда, ин маблағро тасарруф ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф мекунад”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Аз рӯи ин далел нисбати А.Файзов мувофиқи банди “б”, қисми 4, моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар бораи кай ошкор шудани далели қаллобӣ ва кай оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ маълумот дода намешавад.

Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо мусодираи амвол ва маҳрум гардидан аз ҳуқуқи ишғол намудани вазифаҳои муайян/машғул шудани ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.