Дар Тоҷикистон дар бораи обшавии пиряхҳо филми мустанад ба навор мегиранд

Дар Тоҷикистон дар бораи тағирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳои Тоҷикистон филми мустанади тадқиқотӣ ба навор гирифта мешавад. Гурӯҳи филмбардорӣ тасмим доранд, ки вазъи иқлим ва обшавии пиряхҳои Тоҷикистонро дар 60 соли охир мавриди таҳқиқ қарор дода, дар шакли филми мустанад таҳия кунанд. Одина Маҳмад, коргардони филм ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гурӯҳи корӣ, ки […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон дар бораи тағирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳои Тоҷикистон филми мустанади тадқиқотӣ ба навор гирифта мешавад. Гурӯҳи филмбардорӣ тасмим доранд, ки вазъи иқлим ва обшавии пиряхҳои Тоҷикистонро дар 60 соли охир мавриди таҳқиқ қарор дода, дар шакли филми мустанад таҳия кунанд.

Одина Маҳмад, коргардони филм ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гурӯҳи корӣ, ки аз 8 нафар иборат аст, аллакай корро аз моҳи январи соли равон шуруъ кард ва филм дар асоси натиҷаи таҳқиқоти олимон омода мегардад.

“Мо ҳамкориро бо ниҳодҳое, ки дар самти иқлим ва омӯзиши пиряхҳо машғуланд, оғоз кардем. Албатта 60 соли вазъи иқлим ва раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистонро дар филм ҷой кардан мушкил аст. Вале мо тасмим дорем бештар ба графика ва диаграммаҳо такя намоем”, – гуфт ин коргардони ҷавони тоҷик.

Ӯ бовар дорад, ки барои бинанда як филми таҳқиқотии хуб пешниҳод мекунанд.

Абдуҳамид Қаюмов, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ишора ба қабули қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷонби СММ гуфт,  банаворгирии филм дар ин марҳала муҳим, саривақтӣ ва зарур аст.

“Бо истифодаи филм мо метавонем, Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии он, ки яке аз онҳо ҳифзи пиряхҳо аст, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунем. Филм бо ширкат дар фестивалҳои байналмиилалӣ даҳсолаҳо обрӯи кишварро баланд мебардорад”,- гуфт ӯ.

Номбурда банаворгирии ин филми мустанадро идомаи иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо унвон кард ва афзуд, “нишон додани он ки чӣ гуна тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳо давоми даҳсолаҳо таъсир мерасонад, хидмати бузругест, дар самти ҳифзи пиярхҳои боқимонда ва муаррифии ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад”.

Бояд гуфт, ки аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир 100 пирях пурра аз байн рафтааст. Дар Тоҷикистон айни ҳол “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” амалӣ мегардад.

Филми мустанади тағирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳои Тоҷикистон моҳи июл ба анҷом мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.