Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе – Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд

Дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бар асари садамаи нақлиёт 5 нафар ба ҳалокат расида, танҳо як духтарчаи 6-сола ҷароҳат бардошт ва зинда монд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, нимаи рӯзи 28 март ба навбатдори фаврии Кумита хабар мерасад, ки дар километри 148-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд, ки тариқи қаламрави […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бар асари садамаи нақлиёт 5 нафар ба ҳалокат расида, танҳо як духтарчаи 6-сола ҷароҳат бардошт ва зинда монд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, нимаи рӯзи 28 март ба навбатдори фаврии Кумита хабар мерасад, ки дар километри 148-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд, ки тариқи қаламрави ноҳияи Айнӣ мегузарад, садамаи нақлиёт рух додааст.

Гуфта мешавад, имдодгарон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, муайян мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Хуҷанд ронандаи автомашинаи тамғаи Ravon, сокини 33-солаи шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба садама дучор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бар асари ин садама ронандаи мошин ва 4 мусофири он ба ҳалокат расида, танҳо духтарчаи 6-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҷароҳат мебардорад ва зинда мемонад.

Зимнан зикр мегардад, ки имдодгарон ҷасадҳои ҳалокшудагонро аз мошини пачақшуда берун оварда, онҳоро ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва духтарчаи ҷароҳатбардоштаро ба табибон медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.