Ҳалокати 6 мард бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар километри 312-уми шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду мошини сабукрав ба ҳам бархӯрданд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини шаҳри Истиқлол Бӯстон Башарови 32-сола ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «БМВ», таҳти идораи ронанда Раҳимҷон Одинаев, сокини 24-солаи шаҳри […]

Asia-Plus

Дар километри 312-уми шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду мошини сабукрав ба ҳам бархӯрданд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини шаҳри Истиқлол Бӯстон Башарови 32-сола ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «БМВ», таҳти идораи ронанда Раҳимҷон Одинаев, сокини 24-солаи шаҳри шаҳри Хуҷанд бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, бар асари садама ронандагони ҳарду мошин Башаров ва Одинаев, мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Аброр Ҳамдамови 32-сола, Авазҷон Худойназарови 32-сола, Обидҷон Нортаеви 33-сола ва Бегалӣ Ҷуманови 32-сола сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои ба ҳамдигар бархӯрдани автомашинаҳо тафтишот гузаронида мешавад.

Аз дигар ҷузъиёти ин садамаи нақлиёт маълумот дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.