Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон

Тоҷикистон ба аҳолии аз сел осебдидаи Қазоқистон кумаки башардӯстона мефиристад. Вазни умумии кумак беш аз 3,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон. Кумакҳои башардӯстона дар шакли маводи ғизоӣ, сару либос, лавозимоти тиббӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар колоҳои зарурӣ тавассути 61 вагони қатора ва 13 автомашина […]

Asia-Plus

Тоҷикистон ба аҳолии аз сел осебдидаи Қазоқистон кумаки башардӯстона мефиристад. Вазни умумии кумак беш аз 3,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

Кумакҳои башардӯстона дар шакли маводи ғизоӣ, сару либос, лавозимоти тиббӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар колоҳои зарурӣ тавассути 61 вагони қатора ва 13 автомашина равон карда шуд.

​“Кумаки башардӯстона чун тадбири фаврӣ омода гардида, аз шаҳри Душанбе тариқи қатора дар 50 вагони боркаш ва аз шаҳри Хуҷанд тавассути 11 вагону 13 мошини боркаш ба самти Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳузури намояндагони масъули Тоҷикистон ва Қазоқистон ба роҳ баромад”,- гуфтанд аз КҲФ.

Кумакҳоро Рустам Назарзода, раиси КҲФ ҳамроҳӣ мекунад ва пагоҳ, 20-уми апрел, дар шаҳри Сариагаши Қазоқистон ба масъулини ин кишвар месупорад.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи обхезӣ дар панҷ минтақаи Ҷумҳурии Қазоқистон  4870 бинои истиқоматии сокинони ин минтақаҳо зери об монда, ба иқтисодиёти ин кишвар хисороти зиёд расид.

​Ҳоло дар минтақаи офатзада бартараф намудани оқибатҳои обхезӣ, инчунин тадбирҳои зидди обхезӣ ва корҳои наҷотдиҳии фаврӣ идома доранд.

​Аз оғози обхезӣ 117 ҳазору 694 нафар, аз ҷумла 43 ҳазору 931 ҳазор кӯдакон наҷот дода шуданд. 6887 нафари дигар дар минтақаҳои обхезӣ боқӣ мондаанд.

​Бар асари обхезӣ, ки моҳи март шурӯъ шуд, дар ҳашт минтақаи Қазоқистон вазъияти изтирории маҳаллӣ боқӣ мемонад. Дар амалиёти наҷот 44 ҳазор нафар, беш аз 4,6 ҳазор техника ва 18 ҳавопаймо ширкат доранд, хабар медиҳад ТАСС

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.