Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал ё худ футболи хурд таҳти раҳбарии Пайрав Воҳидов дар гурӯҳи “С”-и даври гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё дар Бангкок (Таиланд) зинаи аввалро ишғол намуд. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозии сеюми охирин дар гурӯҳ байни футзалистони тоҷик бо қаҳрамони амалкунандаи Осиё – мунтахаби Ҷопон мусовӣ – 1:1 анҷом […]

Asia-Plus

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал ё худ футболи хурд таҳти раҳбарии Пайрав Воҳидов дар гурӯҳи “С”-и даври гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё дар Бангкок (Таиланд) зинаи аввалро ишғол намуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозии сеюми охирин дар гурӯҳ байни футзалистони тоҷик бо қаҳрамони амалкунандаи Осиё – мунтахаби Ҷопон мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Вохӯрии дигари гурӯҳ байни дастаҳои Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ низ мусовӣ – 5:5 анҷом ёфта, футболбозони қирғиз зинаи дуюмро ишғол намуданд.

Дар ду бозии аввал дар гурӯҳи “С” мунтахаби Тоҷикистон тими Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, бо дастаи Қирғизистон бозиро мусовӣ – 2:2 анҷом дода буд. Мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи худ бори 12-ум дар даври финалии Ҷоми футзали Осиё ширкат варзида, маротибаи сеюм аст, ки ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегирад.

Дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2024 футзалистони тоҷик бо тими Афғонистон бозӣ мекунанд. Ин бозӣ пагоҳ, рӯзи чоршанбе 24 апрел доир гардида, соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои Ҷоми Осиё 5 дастаи беҳтарин (ба ҷуз Ӯзбекистон – мизбони чемпионат) ба Чемпионати ҷаҳон-2024 оид ба футзал роҳхат мегирад. Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар ҷуфтҳои дигари даври чаҳорякниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2024 рӯзи 24 апрел Таиланд бо Ироқ, Ӯзбекистон бо Ветнам ва Эрон бо Қирғизистон бозӣ мекунанд. Бозиҳои нимфиналӣ рӯзи 26 апрел ва вохӯрии финалӣ санаи 28 апрел баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.