Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?

Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир, лорд Дэвид Кэмерон – ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вохурда, масоили ҳамкории дуҷонибарои баррасӣ намуд. Сипас Дэвид Кэмерон барои шиносоии бештар бо зарфиятҳои энергияи сабз дар Тоҷикистон ба НБО-и «Норак» рафт. Ӯро […]

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир, лорд Дэвид Кэмерон – ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вохурда, масоили ҳамкории дуҷонибарои баррасӣ намуд.

Сипас Дэвид Кэмерон барои шиносоии бештар бо зарфиятҳои энергияи сабз дар Тоҷикистон ба НБО-и «Норак» рафт. Ӯро дар ин сафар муовини сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода ва раиси “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ҳамроҳӣ карданд. Меҳмононро дар шаҳри Норак гарму самимӣ ва бо рақсу суруд пешвоз гирифтанд.

Зимни шиносоӣ бо НБО-и “Норак” меҳмонон ба иқтидори энергетикии Тоҷикистон, ки қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол менамояд,  баҳои баланд доданд.

“Мо имкони таъсиси Фонди сармоягузорӣ барои дастгирии тиҷорати хурдро баррасӣ дорем, – гуфт ӯ ба рӯзноманигорон. – Ҳамчунин метавон барои сармоягузорӣ ба иқтисоди сабз фонди ҷудогона таъсис дод. Мо ҳамчунин ба омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ дорем. Мо мехоҳем, ки лоиҳаҳое чун CASA 1000 густариш ёбанд, ки ба интиқоли неруи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ шароит фароҳам меорад”.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир аз 15 январи соли 1992 роҳандозӣ шуданд ва ин аввалин сафари вазири корҳои хориҷии ин кишвар ба Тоҷикистон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.