Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд

Президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) Одир Рено-Бассо рӯзҳои 29-30 апрел аз Тоҷикистон боздид мекунад. Тавре ки намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ӯ бо намояндагони ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии кишвар дидору гуфтушунид мекунад. Дар ҷараёни сафари дурӯза президенти БАТР бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) Одир Рено-Бассо рӯзҳои 29-30 апрел аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Тавре ки намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ӯ бо намояндагони ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии кишвар дидору гуфтушунид мекунад.

Дар ҷараёни сафари дурӯза президенти БАТР бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода вомехӯрад.

Ба гуфтаи роҳбари БАТР, соли гузашта ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ 30-солагии фаъолияти худро дар Тоҷикистон ҷашн гирифт.

“Тӯли ин солҳо мо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар марказ ва минтақаҳо, инчунин доираҳои тиҷоратӣ ҳамкории хуб ба роҳ мондем ва ин ба мо имконият дод, ки ба 168 лоиҳа дар саросари кишвар 947 млн евро сармоягузорӣ кунем, – иброз доштааст ӯ. – Ин аввалин сафари ман ба Тоҷикистон буда, бесаброна вохӯриҳо бо шахсони расмиро интизорам ва бо хушнудӣ бо натиҷаҳои корамон дар кишвар аз наздик шинос мешавам”.

Дар доираи сафари Одил Рено-Бассо имзои якчанд лоиҳаҳо дар назар аст, ки ба қарздиҳии "сабз” дар чаҳорчӯби Нақшаи амали “Шаҳри сабзи Душанбе” ва дастгирии соҳибкорӣ ва савдои занон равона мешавад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз БАТР ба 168 лоиҳа дар Тоҷикистон 947 млн евро сармоягузорӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио