Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара

Бар зидди як корманди ҳукумати шаҳри Исфара барои талаби 255 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора парванда боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Оҷонсии зиддифасод аз ин шахс И.Ш. мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ном бурдааст, ки зимни шикояти дастаҷамъонаи сокинони шаҳр бар зиддаш парванда боз шудааст. Ба иттилои […]

Asia-Plus

Бар зидди як корманди ҳукумати шаҳри Исфара барои талаби 255 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора парванда боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Оҷонсии зиддифасод аз ин шахс И.Ш. мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ном бурдааст, ки зимни шикояти дастаҷамъонаи сокинони шаҳр бар зиддаш парванда боз шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, ӯ моҳи майи соли 2021 барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона аз чанд шаҳрванд, ки аз яке аз онҳо А.Б. ном мебаранд, 255 ҳазор сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ дар якчанд маврид ҷамъ 180 000 сомониро гирифтааст.

Вай ин маблағҳоро “бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон” гирифтааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод И.Ш. баъди гирифтани маблағҳо коре накарда, онро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст, ки  “ба шаҳрванд А.Б. ва дигарон зарари махсусан калони моддӣ расонид”.

Нисбати ӯ барои қаллобии махсусан калон ё моддаи 247 қисми 4 банди “б” парвнадаи ҷимноятӣ боз шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

Ин банди қонунгузорӣ 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда дар соли 2024 72 сомонӣ аст, муаллиф) ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣт мекунад.

Ҳоло маълум нест, ки И.Ш. боздошт шудааст ё не. Оҷонсии зиддифасод имрӯз, 30-юми март дар бораи боз шудани парванда нисбати ӯ хабар дод.

Назари худи Шафеиён, вакили дифоъ ва наздикони ӯ маълум нест. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст