Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”

Date:

Шӯрои миллии муқовимат барои наҷоти Афғонистон, ки гуруҳҳо ва шахсиятҳои мухолифи Толибонро* гирд овардааст, дар вокуниш ба эътирозҳои мардумӣ алайҳи ин гурӯҳ дар Бадахшон гуфтааст, ки “Толибон бо таҳқир ва куштани мардум ба ҳадафҳои “ситамгаронаашон” намерасанд”. Дар ин бора хабаргузории “8 субҳ” иттилоъ медиҳад.

Ин шӯро дирӯз, 5-уми май, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки Толибон бештар аз ин бо “ситезаҷӯйиву зулм ва ваҳшигарӣ” сабри мардумро наозмоянд.

Дар ин эъломия омадааст, “Толибон бояд паёми садои эътирози мардумро дарк кунанд ва ба иродаи мардум итоат кунанд, вагарна исрор ба саркӯб, куштор, таҳқир ва мусодираи иродаи мардум пояи онҳоро хароб хоҳад кард”.

Шӯрои миллии муқовимат барои наҷоти Афғонистон афзудааст, “рафтори гурӯҳи Толибон дар ҳама ҷо, ба хусус дар қазияи ахири Бадахшон, нишон медиҳад, ки ин саркӯбии бераҳмона на ба хотири кишти кӯкнор, балки бо ангезаҳои сиёсӣ сурат мегирад, зеро Толибон, дар аксар ноҳияҳои кишвар худашон тарғибкунандагони кишти кӯкнор ҳастанд”.

Лозим ба ёдоварист, ки тайи се рӯзи ахир навоҳии Дароим ва Аргуи вилояти Бадахшон шоҳиди эътирозҳои мардумӣ алайҳи Толибон шуданд.

Эътирозгарон далели истодагарӣ дар баробари ин гурӯҳро “зулм ва таҷовуз ба ҳарими хусусиашон” аз сӯйи Толибон унвон мекунанд.

Аммо дар вокуниш ба талаби эътирозгарон Толибон оташ кушода, дастикам ду нафарро кушта ва беш аз 15 нафари дигарро захмӣ кардаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...