Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин

Имрӯз, 6-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ тағйироти кадрӣ намуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии […]

Имрӯз, 6-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ тағйироти кадрӣ намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Аммо ҳоло аз нафарони навтаъин ном бурда намешавад.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзида ва соҳибтаҷрибаи ин соҳаҳо таъин карда шуданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ҳаким ба вазифаи муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Яздонзода Исфандиёр ва Бодуршозода Мералӣ муовинони  директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони як қатор раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, роҳбарони ду сохтори  Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавон ва варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои навтаъин хостааст, барои таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои шарикони рушд, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҷалби сармояву сайёҳон ва технологияи муосир ба кишвар, афзун намудани сарчашмаҳо ва ҳаҷми даромадҳо ба буҷети давлат, афзунсозии захираҳои давлатӣ ва ҳифзи субот дар бозори истеъмолӣ, беҳсозии таъминоти ақибгоҳӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, омодасозии хуби кадрҳои ҷавони ояндадор, пурзӯр намудани интизоми корӣ заҳмат кашида, ба Ватан содиқона ва софдилона хизмат намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.