spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

674 нафар духтур намерасад. Вазири тандурстӣ: “ин танҳо мушкили Тоҷикистон нест”

Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 674 духтур намерасад ва бахши тандурустии кишвар ба ин мутахассисон ниёз дорад. Аммо Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки ин мушкил танҳо хости Тоҷикистон нест ва дар тамоми дунё ба назар мерасад.

Ин изҳороти вазир дар ҳолест, ки дар чанд вақти охир фирори хонаводагии духтурони тоҷик ба Русия сари забонҳост ва ҳамагон ин мушкилро яке аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон медонанд. 

Ба гуфтаи вазир дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 180 пизиш ва корманди миёнаи тиб намерасад. Дар вилояти Хатлон шумораи пизишконе, ки ниёз аст 120 нафар будааст ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба 128 духтуру корманди миёна тиб ниёз доштаанд.  

Дар Душанбе ҳам 115 пизишк намерасад ва дар ВМКБ ҳамагӣ ба 11 пизишк ниёз доштаанду халос.

Вазир яке аз сабабҳои тарки кор ва ё ба муҳоҷират рафтани табибонро имтиёзҳои хосе донист, ки кишварҳои дигар барои табибон пешниҳод мекунанд. Абдуллозода аз давлати хосе ном набурд ва танҳо гуфт, "баъзе аз кишварҳо талош доранд, барои ҷалби пизишкон барномаҳои боимтиёз пешниҳод кунанд". Як сабаби дигари аз Тоҷикистон рафтани пизишкон, ба гуфтаи вазири тандурустӣ, "баланд бардоштани касбият" будааст.

МЕДИА (IFRAME)

Ҳамчунин вазир гуфт, ки дар соли гузашта 109 нафар ба нафақа рафтаанд, 54 нафар табиб ва 78 тан корманди миёнаи тиб фавтиданд, ки ин ҳам яке аз далелҳои дигари норасоии кадрӣ шудааст. 

"Чизи дигар ин ки барои баланд бардоштани касбияти тиббӣ ва омӯзишӣ истифодаи дастгоҳҳои мусосири тиббӣ  низ мутахассисон ба хориҷ мераванд. Бештари онҳо кабиятро меомӯзанду  меоянду дар кишвар корашонро идома медиҳанд. Танҳо дар соли 2021  140 духтур ва корманди миёнаи тиб аз хориҷ баргашта дар кишвар корашонро идома дода истодаанд",-гуфт вазир. 

Ҷамолиддин Абдуллозода мегӯяд, ки онҳо барои тарки кор накардани табибони ҷавон бо ҳукуматҳои маҳаллӣ кор мекунанд ва барои онҳо имтиёзҳо, аз ҷумла замину хона дар назар мегиранд.

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар фаъолият дорад. Аз ҷумла 20797 табиб ва 60329 корманди миёнаи тиб  кор мекунанд. 

Соли 2020 мақомот аз камбуди беш аз 6 ҳазор духтуру парастор дар кишвар хабар дода буданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ дар моҳи декабри соли 2021 гуфт, дар 30 соли ахир дар кишвар 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ омода карда шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...