Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин изҳор доштааст, ки “Русия шарики боэътимодтарин ва калидии тиҷоративу иқтисодии Осиёи Марказӣ мебошад”. Изҳороти худро ӯ дар навбати аввал, ба “рушди пайвастаи гардиши молу маҳсулот” асоснок кардааст. “Соли 2023 ҳаҷми умумии он зиёда аз 44 млрд долларро ташкил дода, 33% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии минтақаи Осиёи Марказӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин изҳор доштааст, ки “Русия шарики боэътимодтарин ва калидии тиҷоративу иқтисодии Осиёи Марказӣ мебошад”.

Изҳороти худро ӯ дар навбати аввал, ба “рушди пайвастаи гардиши молу маҳсулот” асоснок кардааст.

“Соли 2023 ҳаҷми умумии он зиёда аз 44 млрд долларро ташкил дода, 33% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии минтақаи Осиёи Марказӣ ба Русия рост меояд”, – гуфтааст Галузин рӯзи 14 май тариқи алоқаи видеоӣ дар Конфронси IV Осиёи Марказии клуби “Валдай” дар мавзӯи “Русия ва Осиёи Марказӣ: рушд ва амният дар воқеъиятҳои тағйирёбандаи ҷаҳон”.

Ӯ зикр кардааст, ки ин ба таври назаррас аз ҳисоби гузаштани ҳисоббаробариҳо бо пули миллӣ таъмин мешавад.

“Айни замон ҳаҷми чунин ҳисоббаробариҳо бо Қазоқиситону Қирғизистон ва Тоҷикистон ба 80% расида, бо Ӯзбекистон – 55% ва Туркманистон – 24%-ро ташкил медиҳад”, – таъкид доштааст муовини вазир.

Ин ҷо сари ҳисоббаробариҳои пулии байнулмилалӣ, яъне ҳисоббаробариҳо байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии кишварҳо дар савдои беруна, қарзу сармоягузориҳо ва пардохтҳои ғайритиҷоратӣ сухан меравад. Маъмулан чунин ҳисоббаробариҳо дар шакли ғайринақдӣ тариқи бонкҳо ё низомҳои пардохт амалӣ мешаванд.

Мувофиқи маълумоти омории Тоҷикистон, соли 2023 аз панҷ як ҳисса (20,5%)-и савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба Русия рост омадааст.

Ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар зиёд з 1,7 млрд доллар ва муомилоти моли хориҷии умумии Тоҷикистон – беш аз 8,3 млрд долларро ташкил дода буд.

Аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 1,6 млрд доллар молу маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия – 135 млн долларро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.