Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист

Яке аз корхонаҳои бузурги дорусозӣ дар Русия – «Татхимфармпрепараты» имкони оғози истеҳсоли дорувориро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Русия дар ҷумҳурӣ Евгений Коренков дар иҷлосияи “Муколамаи индустриявии Русия – Тоҷикистон” дар доираи форуми байналмилалии  иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» изҳори назар кардааст. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад. Ба гуфтаи […]

Asia-Plus

Яке аз корхонаҳои бузурги дорусозӣ дар Русия – «Татхимфармпрепараты» имкони оғози истеҳсоли дорувориро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Русия дар ҷумҳурӣ Евгений Коренков дар иҷлосияи “Муколамаи индустриявии Русия – Тоҷикистон” дар доираи форуми байналмилалии  иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» изҳори назар кардааст. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи роҳандозии истеҳсоли маводи доруворӣ бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтааст.

“Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта Тотористон қариб 5% аз ҳаҷми содироти умумии Русия ба Тоҷикистонро таъмин кард. Ҳозир аз Тотористон ба Тоҷикистон чархи (шинаи) тамғаи “Кама”, бензин аз “Татнефть» содир гардида, дар давраи то соли 2015 «Камаз» дар Тоҷикистон марказҳои нақлиётиро рушд доданист”, – гуфтааст Коренков.

Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар ҷараёни иҷлосия таъкид доштааст, ки дар ҷумҳурӣ сармоягузорон аз Русияро қадрдонӣ мекунанд.

“Баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти дуҷониба имконоти зиёд дошта, ба ҳамкории густурда бо ширкатҳои Русия, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кардан мехоҳанд, омодаем”, – иброз доштааст ӯ.

Форуми байнулмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» аз 14 то 19 май дар Маркази байнулмилалии намоишгоҳҳои “Казань экспо”-и шаҳри Қазони Русия баргузор шуд.

Дар доираи кори форум бо иштироки коршиносони Русия ва кишварҳои хориҷӣ 120 иҷлосия дар мавзӯъҳои гуногун доир гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.