Эмомалӣ Раҳмон барои видоъ бо Иброҳим Раисӣ ба Эрон рафт

Имрӯз, 22-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба шаҳри Теҳрон сафар кард. Якҷо бо президент, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Аъзамшо Шарифӣ, ёдрамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ба Эрон рафтанд. Айни […]

Asia-Plus

Имрӯз, 22-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба шаҳри Теҳрон сафар кард.

Якҷо бо президент, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Аъзамшо Шарифӣ, ёдрамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ба Эрон рафтанд.

Айни ҳол дар саросари Эрон мотами миллӣ эълон шуда, панҷ рӯз давом мекунад. Аз дирӯз ин ҷониб, дар саросари кишвар маросими видоъ бо Иброҳим Раисӣ баргузор мегардад. Дар назар аст, ки раиси ҷумҳури ҳалокшуда пагоҳ ба хок супорида шавад.

Ёдовар мешавем, ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури ҳаштуми Эрон 19-уми май дар як сонеҳаи чархбол ҳамроҳ бо Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ва ҳайати ҳамроҳаш ба ҳалокат расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.