Шакар дар Тоҷикистон қимат мешавад. Чаро истеҳсолоти худӣ нест?

Дар Тоҷикистон тайи соли ахир нархи шакар (қанд) ба андозаи 24,4% боло рафт: имрӯз нархи миёнаи 1 килои он дар ҷумҳурӣ 12,2 сомониро ташкил медиҳад. Соли гузашта он 9,8 сомонӣ нарх дошт. Коршиносон қиматшавии шакарро ба манъи содироти он дар Русия, ки Тоҷикистон аз ин кишвар ҳудуди 32-и ин маҳсулотро ворид мекард, марбут медонанд. Манъи […]

Дар Тоҷикистон тайи соли ахир нархи шакар (қанд) ба андозаи 24,4% боло рафт: имрӯз нархи миёнаи 1 килои он дар ҷумҳурӣ 12,2 сомониро ташкил медиҳад. Соли гузашта он 9,8 сомонӣ нарх дошт.

Коршиносон қиматшавии шакарро ба манъи содироти он дар Русия, ки Тоҷикистон аз ин кишвар ҳудуди 32-и ин маҳсулотро ворид мекард, марбут медонанд.

Манъи содирот дар ҳамсоякишварҳо ба нарх таъсир расонид

Русия содироти шакарро то 31 августи соли 2024 манъ карда, чунин тадбирро “нигаронӣ аз афзоиши содироти шакар ба хориҷа” маънидод кард.

Вазорати кишоварзии Русия нимаи моҳи март хабар дода буд, ки Русия аз 1 августи соли 2023 то охири моҳи феврали соли 2024 зиёда аз 700 ҳазор тонна шакар содир намудааст, ки 3,3 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи мавсими гузашта мебошад.

“Маҳдуд кардани содирот ба нигаҳдории ҳаҷми кофии захираҳо ва таъмини шарикон аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО, ЕАЭС) имкон медиҳад”, – чунин шарҳ дода буд ин тадбири худро Вазорати кишоварзӣ.

Дар пайи Русия Қазоқистон ҳам бо мақсади таъмини талаботи аҳолии худ дар мавсими тобистон манъи содироти шакарро ҷорӣ кард.

Айни замон тавозуни захираҳои шакар дар анбор ва ҳаҷми воридот ба Қазоқистон ҳудуди 256 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ин ба нисфи талаботи солонаи кишвар (500-550 ҳазор тонна) баробар аст.

Вазорати кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва беҳдошти замини Қирғизистон низ содироти муваққатии лаблабуи қандро то ҳосили нав пешниҳод мекунад.

Тавре ки kaktus.media хабар медиҳад, Вазорат муқаррар намудани манъи муваққатиро то 31 август соли 2024 ба содироти шакар аз Қирғизистон (ба истиснои содирот ба кишвари сеюм (реэкспорт), транзит, инчунин кумаки башардӯстона аз ҷониби Девони вазирон) ба берун аз ҳудуди қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) ба нақша гирифтааст.

Гуфта мешавад, айни замон захираҳои шакар дар анборҳо 74 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд. Ҳамроҳи квотаи воридоти 28,5 ҳазор тонна шакар аз Русия ин 102,5 ҳазор тонна мебошад. Зикр мегардад, ки истеҳсоли худии шакар дар Қирғизистон то 64,8% талаботи аҳолиро қонеъ мегардонад.

Шакар аллакай қимат шуд

Қариб аз се як ҳиссаи воридоти шакар ба Тоҷикистон дар соли гузашта ба ҳиссаи Русия рост меояд. Мутаносибан, бо ҷорӣ шудани манъи содироти шакар аз Русия лозим меояд, ки норасоии он аз дигар кишварҳо ворид карда шавад.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, соли 2023 ба Тоҷикистон 141,5 ҳазор тонна шакар ворид шудааст, ки зиёда аз 45 ҳазор тоннаи он (ҳудуди 32% аз ҳаҷми умумӣ) аз Русия оварда шудааст.

Ҳамчунин шакар, ки бо қарори ҳукумат ба рӯйхати маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим дохил шудааст, аз Покистон (ҳудуди 28%), Ҳиндустон (26%), Беларус (зиёда аз 12%), Эрон (1%) ва дар ҳаҷмҳои начандон зиёд аз дигар кишварҳои ҷаҳон ворид карда шудааст.

Соли 2023 як тонна шакарро ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон бо нархи 669 доллар харидаанд, ки 61 доллар қиматтар аз соли 2022 мебошад.

Дар семоҳаи аввали соли 2024 ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 34,7 млн доллар зиёда аз 50 ҳазор тонна шакар ворид шудааст. Ҳар як тоннаи он аллакай 691 доллар нарх дорад, ки 22 доллар гаронтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Соли гузашта 48 корхонаву ширкатҳо ба воридоти шакар машғул шуда, инҳо дар он ҳиссаи назаррас доранд:   

– ҶДММ «Барӯманд» – 22%;

– Агентии захираҳои давлатии моддӣ – 12,4%;

– ҶСП «Оби Зулол» – 10,8%;

– ҶДММ «Абӯбакри Дилшод» – 18,3%;

– Фабрикаи қаннодии «Амирӣ» – 7%.

Асал ба ҷойи шакар

Бо сабаби мавҷуд набудани ашёи хоми дохилӣ шакар дар Тоҷикистон истеҳсол намешавад. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир соли гузашта зимни як нишасти матбуотӣ гуфта буд: “Мо барои парвариши лаблабуи қанд замини кофӣ надорем. Дар шароити Тоҷикистон он ҳосили баланд намедиҳад. 100 ҳазор гектар замин лозим аст, аз куҷо онро меёбем? Аз ин рӯ, истеҳсоли шакар фоидаовар нест.

Ба аҳолӣ кам кардани истеъмоли шакар ва муфид будани истеъмоли асалро фаҳмонидан даркор аст. Барои ин рушди занбӯрпарварӣ мувофиқи мақсад аст”.

Қобили зикр аст, ки соли 2023 дар Тоҷикистон ҳудуди 4,7 ҳазор тонна асал истеҳсол шудааст, ки қариб ним кило ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол рост меояд. Аз рӯи ин нишондод ҷумҳурӣ дар Осиёи Марказӣ мақоми аввалро ишғол мекунад.

Дар Тоҷикистон қаблан низ барои парвариши лаблабуи қанд дар вилояти Хатлон талошҳо сурат гирифта буданд. Маблағи сохтмони корхонаи истеҳсоли шкакар низ ҳисобу китоб карда шуд. Тавре ки маълум шуд, барои худкифоии он иқтидорҳои бузург зарур буда, норасоии ашёи хом низ рӯйи кор меомад. Воридоти он бо сабаби нархи пасти маҳсулоти тайёр мувофиқи мақсад нест.

Соли гузашта дар вилояти Хатлон корхонаи хурди истеҳсоли шакар ба истифода дода шуд. Иқтидори корхона ба истеҳсоли 10 тонна шакар дар як сол баробар аст.

Талошҳои сохтмони корхонаи нисбатан бузурги истеҳсоли шакар дар Восеъ низ ҳаст, ҳатто 100 млн пешниҳоди сармоягузорӣ низ шудааст, лекин ҳоло маблағгузорӣ нест.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли шакар дар кишварҳое, ки Тоҷикистон аз онҳо ин маҳсулотро мехарад, тариқи зайл аст:

Ҳиндустон – ҳудуди 35 млн тонна (зинаи аввал дар ҷаҳон);

Русия – зиёда аз 7 млн тонна;

Покистон – ҳудуди 5 млн тонна;

Эрон – ҳудуди 1,5 млн тонна;

Беларус – 550 ҳазор тонна.

Истеҳсоли шакар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2023:

Ӯзбекистон – 900 ҳазор тонна;

Қазоқистон – 280 ҳазор тонна;

Қирғизистон – 80 ҳазор тонна;

Туркманистон – 40 ҳазор тонна.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.