Баҳодур Усмонов бо муштзани Русия рақобат мекунад

Расо пас аз як моҳ – 22 июн варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов рақобати муҳимтарини мавсимро пеш аз Олимпиада баргузор мекунад. Ӯ дар мусобиқаи RCC Boxing Promotions бо муштзани Русия Дауд Алаев қувваозмоӣ мекунад. Қувваозмоӣ дар доираи чорабинии Шоми бокси касбӣ дар Екатеринбург доир мегардад. Ҳам Усмонов (7-0, 3 КО) ва ҳам Алаев (9-0, 5 КО) […]

Расо пас аз як моҳ – 22 июн варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов рақобати муҳимтарини мавсимро пеш аз Олимпиада баргузор мекунад. Ӯ дар мусобиқаи RCC Boxing Promotions бо муштзани Русия Дауд Алаев қувваозмоӣ мекунад.

Қувваозмоӣ дар доираи чорабинии Шоми бокси касбӣ дар Екатеринбург доир мегардад. Ҳам Усмонов (7-0, 3 КО) ва ҳам Алаев (9-0, 5 КО) бидуни бохт дар ҳунарнамоии касбии худ ба ринг мебароянд.

Баҳодур Усмонов мушзани маъруфи тоҷик дар вазни сабук мебошад, ки ба 50-гонаи радабандии ҷаҳонӣ шомил аст. Ӯ дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон байни дӯстдорон ва иштирокчии Бозиҳои олимпӣ аст. Ӯро умеди асосии бокси тоҷик меноманд. Ҳамчунин муштзани то ҳол таъми бохтро начашида ба дарёфти унвони WBO Oriental ноил гардидааст. Усмонов аллакай бори ҳаштум дар ҳунарнамоии касбии худ дар ринги касбӣ рақобат мекунад.

Тибқи маълумоти коршиносони соҳаи варзиш, сарфи назар аз ягон бохт надоштани Дауд Алаев, дар ин ҷуфт ӯ камтар имкони ғалаба дорад: қувваозмоиҳояш бо рақибони ҷиддӣ камтар буда, лекин дар се қувваозмоии пешина дар Екатеринбург Алаев нишон дод, ки чӣ гуна метавонад омода шавад. Агар ӯ бар Усмонов ғолиб ояд, барояш имкони хубест барои муаррифии худаш.

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов айни замон дар Душанбе таҳти раҳбарии мураббӣ Мирзо Шамсиев ба қувваозмоӣ омодагӣ мегирад.

“Ман кайҳост, ки ҷиддӣ тамрин мекунам, лекин то дирӯз дар бораи рақибам маълумот надоштам. Маълумот дар даст доштем, ки моҳи июн қувваозмоии касбӣ мегузаронам. Акнун маълум шуд, ки бо рақибе қувваозмоӣ хоҳам кард, ки ӯ ҳам бохт надорад. Бешак, ин рақобати шавқовар хоҳад шуд. Кӯшиш мекунам, ки аз тамоми неру ва имконотам истифода барам”, – иброз дошт Усмонов зимни суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи ӯ, рақобати моҳи июн охирин пеш аз сафар ба Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд. Роҳхат ба Олимпиадаро Усмонов баҳори ҳамин сол ба даст оварда буд.

“Пас аз рақобат дар Екатеринбург пурра таваҷуҳамро ба Бозиҳои олимпии соли 2024 равона мекунам, зеро ин мусобиқаи муҳимтарин дар ҳунарнамоии ман мебошад”, – зикр кард муштзан.

Ӯ илова намуд, ки пеш аз Олимпиада бояд дар ҳолати беҳтарин (оптималӣ) бошад, то тавонад бо муштзанҳои маъруфи ҷаҳон дар Париж рақобат кунад.

«Дар он ҷо осон намешавад, вале ману мураббиям нақша дорем, ки чӣ тавр кӯшиш кунем натиҷаи хуб нишон диҳем», – хулоса кард Баҳодур.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.