Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад

Рӯзи 24 май дар Ашқобод ҷаласаи навбатии Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ иштирок мекунад. Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар рӯзномаи ҷаласа 12 масъала зикр шудааст. Дар доираи маҳдуд аъзои Шӯро маъмулан атрофи […]

Asia-Plus

Рӯзи 24 май дар Ашқобод ҷаласаи навбатии Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ иштирок мекунад.

Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар рӯзномаи ҷаласа 12 масъала зикр шудааст. Дар доираи маҳдуд аъзои Шӯро маъмулан атрофи масоили ҳамкории мутақобилаи иқтисодӣ дар Иттиҳод табодули назар мекунанд.

Дар доираи васеъ баррасии лоиҳаи Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба табиқи он, инчунин Нақшаи амал ҷиҳати  ба сатҳи беҳтарин расонидани ҳолати зерсохтор ва рушди долонҳои байнулмилалии нақлиётӣ, ки аз қаламрави кишвраҳои узви ИДМ мегузаранд, пешниҳод шудааст.

Илова бар ин, дар ҷаласа қабули як қатор санадҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, саноати кимиёвӣ, муносибат бо партовҳои хатарнок ва муқовимат ба қонуншиканиҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ пешбинӣ шудааст.

Боз як масъалаи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарвазирон ба эълони Ашқобод ба сифати Шаҳри имконоти нави варзишии Иттиҳод дахл дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.