Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд

Вобастагии таъминоти маҳсулоти озуқаворӣ аз воридоти баъзе намуди маҳсулот аз хориҷи ҷумҳурӣ танзими нархи бозори истеъмолиро мушкил гардонида, барои дастрасии аҳолӣ ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин бора дар Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, ки бо қарори ҳукумат тасдиқ шудааст, маълумот дода мешавад. Дар ин санад бо истинод ба пешгӯиии созмонҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вобастагии таъминоти маҳсулоти озуқаворӣ аз воридоти баъзе намуди маҳсулот аз хориҷи ҷумҳурӣ танзими нархи бозори истеъмолиро мушкил гардонида, барои дастрасии аҳолӣ ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин бора дар Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, ки бо қарори ҳукумат тасдиқ шудааст, маълумот дода мешавад.

Дар ин санад бо истинод ба пешгӯиии созмонҳои байнулмилалии молиявӣ зикр мегардад, ки нархҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ сол то сол боло хоҳанд рафт. Ин бо мураккабшавии вазъи сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани авзои геосиёсию ҳарбӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар солҳои минбаъда асоснок мешавад.

Муаллифони Барнома таъкид мекунанд, ки болоравии нархи гандум ба ҳисоби миёна ҳамасола 4 фоизро ташкил намуда, то соли 2030 ба 500 доллар барои як тонна баробар мешавад.

“Дар солҳои алоҳида бо дарназардошти шароитҳои иқлимӣ нархи гандум то соли 2030 метавонад тағйирпазир гардад”, – зикр мекунанд онҳо.

Дар Барнома гуфта мешавад, бозори ғалла, орд ва маҳсулоти нонӣ дар Тоҷикистон нисбати устувории нархҳо хело ҳассос буда, он бештар аз воридоти маҳсулот вобастагӣ дорад.

“Суръати болоравии нарх ба маҳсулоти асосии озуқаворӣ, махсусан ба гандум ва орд, дастрасии аҳолиро ба ин намуди маҳсулот мушкил мегардонад”, – гуфта мешавад дар Барнома.

Тибқи арзёбии муаллифони санад, вобаста ба афзоиши мунтазами аҳолии ҷумҳурӣ ва сатҳи баланди таваллуд талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ сол аз сол зиёд мегардад. Муаллифони Барнома бар ин назаранд, ки яке аз воситаҳои муассири таъмини амнияти озуқавории кишвар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ дар худи ҷумҳурӣ аст. Барои ин рушди  устувори бахши аграриро аз ҳисоби самаранокии истифодаи заминҳои корами мамлакат зарур мешуморанд.

Бино ба маълумоти Агентии зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ, соли 2023 ба Тоҷикистон зиёда аз 1 млн тонна гандум бо нархи миёнаи 282 доллар барои 1 тонна ворид шудааст.

Дар дохили кишвар соли гузашта каме бештар аз 860 ҳазор тонна гандум истеҳсол шудааст. Ғайр аз ин, соли 2023 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 57 ҳазор тонна орд бо нархи миёнаи 303 долллар барои 1 тонна ворид шудааст. Зиёда аз 90%-и гандуму орди воридшуда ба Қазоқистон рост меояд. Дар ҳаҷмҳои начандон зиёд  аз Русия ва Ӯзбекистон низ оварда шудааст.

Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаи ахир Тоҷикистон воридоти ордро кам карда, ҳамзамон воридоти гандумро, ки дар худи ҷумҳурӣ коркард мешавад, зиёд кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.