Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2024 маълум шуд

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е”-и мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2024 бо дастаҳои мунтахаби футзали Португалия, Марокаш ва Панама бозӣ хоҳад кард. Маросими қуръакашаии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони футзал, дирӯз 26-уми май, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон доир гашт. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро рақобатҳои сангине интизор хоҳанд буд, зеро дастаи мо дар дар гурӯҳе қарор гирифтааст, ки он […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, махсус барои Asia-Plus

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е”-и мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2024 бо дастаҳои мунтахаби футзали Португалия, Марокаш ва Панама бозӣ хоҳад кард.

Маросими қуръакашаии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони футзал, дирӯз 26-уми май, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон доир гашт.

Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро рақобатҳои сангине интизор хоҳанд буд, зеро дастаи мо дар дар гурӯҳе қарор гирифтааст, ки он ҷо қаҳрамони феълии Аврупо ва ҷаҳон, қаҳрамони Африқо ва инчунин қаҳрамони  Амрикои Ҷанубӣ шомиланд.

Даҳумин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли ҷорӣ дар се шаҳри Ӯзбекистон – Бухоро Тошканд ва Андиҷон баргузор мегардад.

Дар асоси қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 дастаҳо ба шаш гурӯҳ, иборат аз чаҳор дастаӣ ҷудо карда шуданд. Мунтахабҳое, ки дар даври гурӯҳӣ зинаҳои аввал ва дуюмро соҳиб мешаванд ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини зинаҳои сеюм ба марҳилаи финалӣ роҳ меёбанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон барои  аввалин бор дар таърих дар ин мусобиқа иштирок хоҳад кард. Тими милли футзали Тоҷикистон баъди баромадан ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта буд.

Дар он мусобиқот шогирдони Пайрав Воҳидов бозии хуб нишон дода, то марҳилаи нимфиналӣ баромаданд, аммо дар ин марҳила аз футзалбозони ӯзбакистонӣ шикаст хӯрданд.

Рӯйхати ҳамаи гурӯҳҳо дар Ҷоми ҷаҳон-2024 ба таври зайл аст:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.