Ноболиғони бепарастори тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд

Date:

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ки чанд тан аз шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон, ки дар Русия бепарастор монда буданд, рӯзи 3 ‑ юми июн ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Ба гуфтаи ин мақомот бозгашти онҳо бо мусоидати Хадамоти консулгарии сафорат сурат гирифтааст.

Бино ба иттилоъи хадамоти дипломатии Тоҷикистон, чаҳор кӯдак тибқи Созишномаи Кишинёв дар бораи ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар масъалаи баргардонидани ноболиғон ба ҷои истиқомати доимӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Дар иттилоия гуфта нашудааст, ки чӣ гуна ин кӯдакон дар қаламрави Федератсияи Русия бе парастор мондаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11‑ уми январи соли ҷорӣ низ сафорат хабар дода буд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки низ дар Абхозистон буданд ва иҷозаи вуруд ба Русияро надоштанд, ба ватанашон баргардонда шуданд. Шаҳрвандон тавассути шаҳри Сочи ба Душанбе фиристода шуданд.

Дар гузашта ҳам ин ниҳоди дипломатӣ дар бораи баргардонидани кӯдакони бепарстормондаи тоҷик аз Русия хабаро дода буд. Вале ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки чӣ гуна он кӯдакон дар ин кишвар бепарстор мондаанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...