Ноболиғони бепарастори тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ки чанд тан аз шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон, ки дар Русия бепарастор монда буданд, рӯзи 3 ‑ юми июн ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ба гуфтаи ин мақомот бозгашти онҳо бо мусоидати Хадамоти консулгарии сафорат сурат гирифтааст. Бино ба иттилоъи хадамоти дипломатии Тоҷикистон, чаҳор кӯдак тибқи Созишномаи Кишинёв дар бораи ҳамкориҳои […]

Шаҳноз Ализода, махсус барои Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ки чанд тан аз шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон, ки дар Русия бепарастор монда буданд, рӯзи 3 ‑ юми июн ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Ба гуфтаи ин мақомот бозгашти онҳо бо мусоидати Хадамоти консулгарии сафорат сурат гирифтааст.

Бино ба иттилоъи хадамоти дипломатии Тоҷикистон, чаҳор кӯдак тибқи Созишномаи Кишинёв дар бораи ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар масъалаи баргардонидани ноболиғон ба ҷои истиқомати доимӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Дар иттилоия гуфта нашудааст, ки чӣ гуна ин кӯдакон дар қаламрави Федератсияи Русия бе парастор мондаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11‑ уми январи соли ҷорӣ низ сафорат хабар дода буд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки низ дар Абхозистон буданд ва иҷозаи вуруд ба Русияро надоштанд, ба ватанашон баргардонда шуданд. Шаҳрвандон тавассути шаҳри Сочи ба Душанбе фиристода шуданд.

Дар гузашта ҳам ин ниҳоди дипломатӣ дар бораи баргардонидани кӯдакони бепарстормондаи тоҷик аз Русия хабаро дода буд. Вале ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки чӣ гуна он кӯдакон дар ин кишвар бепарстор мондаанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.