Пора барои хидмати “пулакӣ”. Дар Қубодиён бар зидди як ҷавон парвандаи ҷиноӣ боз карданд

Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон як ҷавон барои ба хидмати алтернативии ҳарбӣ равон кардани як даъватшаванда аз модари он ҷавон 54 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ин дуввумин ҳолати порагирӣ барои хидмати алтернативӣ дар ин минтақа аст. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ахиран ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қубодиён аризаи зани 46-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид […]

Меҳрофарин Наҷибӣ,Asia-Plus

Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон як ҷавон барои ба хидмати алтернативии ҳарбӣ равон кардани як даъватшаванда аз модари он ҷавон 54 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ин дуввумин ҳолати порагирӣ барои хидмати алтернативӣ дар ин минтақа аст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ахиран ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қубодиён аризаи зани 46-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст.

“…моҳи декабри соли 2023 ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариааш даромада, барои писари 22-солаашро ба хидмати алтернативии ҳарбӣ равон кардан аз ӯ 54 ҳазор сомонӣ гирифта, ягон амалро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”, – менависад ВКД.

Маълум нест, ки ин ҷавон дар куҷо кор мекунад ва чӣ гуна билети ҳарбиро барои ин зан дастрас мекард.

Нисбати гумонбаршуда бар асоси қисми 1-и моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад. Ин модда ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда ба 72 сомонӣ баробар аст) ҷарима ё то 3 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Мақомот аз ин ҷавон ном набурдаанд ва  назари ӯву наздиконаш маълум нест.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар як моҳ ин дуввумин ҳодисаи чунин қаллобӣ дар ин минтақа аст.

Рӯзи 22-юми май ҳам дар ноҳияи Қубодиён нозири минтақавии ВКД С.Давлатзода бо гумони гирифтани пора боздошт шуд. Агентии зиддифасоди кишвар хабар дод, ки нозир дар гирифтани пора “барои ташкили хидмати алтернативии ҳарбӣ” гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, Давлатзода дидаву дониста аз он ки ваколати сафарбар намудани шаҳрвандро ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ надорад, бо вуҷуди ин, аз шаҳрванд Э.А. пулро мегирад.

Аз ин пештар, дар ноҳияи Темурмалик сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссарияти ҳарбӣ айнан бо чунин иттиҳом ва бо гумони гирифтани пора боздошт шуда буд.

Қабл аз ин ҳам дар шаҳри Ҳисор як масъулро бо ин иттиҳом боздошт карда буданд.

Мувофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” аз соли 2021, шахсони синни даъват метавонанд ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ивази ин дар ҳайати захираи даъвати сафарбаркунӣ хидмати ҳарбиро адо кунанд.

Бо қарори ҳукумат аз 1-уми сентябри соли 2023 арзиши хидмати ҳарбии пулакӣ дар Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шуд. Маблағи мазкур бо назардошти нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон, ки 72 сомонӣ муқаррар гардидааст, 54 ҳазор сомонӣ мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.