Боздошти нозири минтақавии ШВКД Қубодиён ба гумони порагирӣ

Дар ноҳияи Қубодиён нозири минтақавии Шуъбаи ВКД ҳамин ноҳия С.Давлатзода ба гумони порагирӣ боздошт шуд. Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки ӯ ба гирифтани пора барои “ба ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ” (хидмати ҳарбии алтернативӣ ё худ пулакӣ) фиристодани даъватшаванда” гумонбар дониста мешавад.  “Моҳи октябри соли 2023 ӯ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар ноҳияи Қубодиён нозири минтақавии Шуъбаи ВКД ҳамин ноҳия С.Давлатзода ба гумони порагирӣ боздошт шуд.

Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки ӯ ба гирифтани пора барои “ба ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ” (хидмати ҳарбии алтернативӣ ё худ пулакӣ) фиристодани даъватшаванда” гумонбар дониста мешавад. 

“Моҳи октябри соли 2023 ӯ ба шаҳрванд Э.А. пешниҳод кардааст, ки ба набераи ин шахс барои аз хидмати ҳарбӣ гузаштан дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ мусоидат мекунад, – хабар медиҳад маркази матбуоти Агентӣ. 

Ба иттилои манбаъ, барои “хидмати худ” ӯ 66 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, Давлатзода дидаву дониста аз он ки ваколати сафарбар намудани шаҳрвандро ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ надорад, бо вуҷуди ин, аз шаҳрванд Э.А. пулро мегирад.

“Аммо ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф мекунад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Давлатзода мутобиқи банди “а”, қисми 3, моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.