Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон шаҳрдории Душанбе ҷойҳои махсус барои забҳи чорворо муақаррар кардааст. Чунин ҷойҳо дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр мавҷуд аст. Дар ин бора қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба имзо расидааст, хабар медиҳад, шаҳрдории пойтахт. Дар асоси ин қарор, забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи Бадахшон-2 дар кӯчаи Шукуҳӣ 44, […]

Asia-Plus

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон шаҳрдории Душанбе ҷойҳои махсус барои забҳи чорворо муақаррар кардааст. Чунин ҷойҳо дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр мавҷуд аст. Дар ин бора қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба имзо расидааст, хабар медиҳад, шаҳрдории пойтахт.

Дар асоси ин қарор, забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи Бадахшон-2 дар кӯчаи Шукуҳӣ 44, дар маҳаллаҳои Ховарон дар Теппаи Шарқӣ (минтақаи 7), дар маҳшаллаи Чиноро-1 дар кӯчаи Назаршоев 374, дар бозори “Ховарон” дар кӯчаи Айнӣ, 259 (7 км), ҳамчунин дар маҳаллаҳои Фалакон, 1-май, Яккатут,1, 2 ва Чилмеҳроб муқарар шудааст.

Куштани чорво дар ноҳияи Фирдавсӣ дар салоҳхонаи “Фабрикаи шири Душанбе” дар кӯчаи Қаҳҳоров (назди фабрикаи “Шири Саодат”), салоҳхонаи Гулбутта дар маҳаллаи Гулбутта, дар маҳаллаи Калтакдорони сурх 13/1 дар маҳалли Гулбутта, дар кӯчаи Фирдавси назди бинои №99 дар шаҳраки 63, дар кӯчаи Крупская-1 дар маҳалли Курпская, дар кӯчаи Фирдавси бинои 9/7 дар шаҳраки 65 ва дар кӯчаи Деҳоти назди бинои 3 дар шаҳраки 46 иҷозат дода шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Дар ноҳияи Сино  забҳи чорво дар дар маҳаллаи Пахтакор (Пахтакор, 70), Борбад (кӯч. Тургенева, 29), дар Роҳи нав (кӯч. Р.Набиев, 292/2), дар маҳллаи Наврӯз (Наврӯз 280), Қарамиршикор (кӯч.Лермонтов, 466), Ҳаёти нав 74 ва 313, Камонгарон (кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев 252), маҳаллаи Ҳисорак, Панҷрӯд 125, Навободи боло 163, кӯчаи Мехкалона 50, деҳаи Боло 200, Испечак 1 ва 1,2 (назди сафорати ИМА) кӯчаи Хуҷандӣ мумкин аст.

Мувофиқи қарор, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ забҳи чорво  дар кӯчаи Ҳ. Назаров 149, кӯчаи Саҳбо, кӯчаи Хуҷаамбиёи поён 121, кӯчаи Нодира 52, кӯчаи Деҳнаваки поён ва кӯчаи И. Соатов 36 муқарар шудааст.

Тибқи анъана, дар Иди Қурбон гӯсфанд, шутур ё гов қурбонӣ шуда метавонанд. Дар баробари ин донистан лозим аст, ки чорвои қурбонӣ пеш аз ҳама барои садақа, зиёфат додан ба наздикону дӯстон пешбинӣ шудааст. Сеяки чорвои қурбонӣ бояд ба камбағалон ё ятимхонаҳо ва сеяки дуюм – ба меҳмонону хешовандон тақсим карда шуда, сеяки боқимонда дар оила боқӣ гузошта шавад.

Ёдрас мекунем, ки имсол Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн таҷлил гардида, намози ид дар ҳамаи масҷидҳои кишвар соати 6:00 хона мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2017 Рустами Эмомалӣ дар дар ҷойҳои махсус ҷудошуда дар шаҳр ба қурбонии чорво иҷоза дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.