“Кӯдаконро дошта намешавад”. Андешаи сокинон дар бораи манъи идгардак

Моҳи майи соли ҷорӣ палатаи поёнии парлумони кишвар ба Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйирот ворид кард. Дар асоси моддаи 9-и лоиҳаи қонуни мазкур дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, […]

Меҳрангез Султонзода, Исматуллоҳи Абдуллоҳ, Asia-Plus

Моҳи майи соли ҷорӣ палатаи поёнии парлумони кишвар ба Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйирот ворид кард. Дар асоси моддаи 9-и лоиҳаи қонуни мазкур дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, ки ин тағйирот “бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо” пешниҳод гардидааст.

Тасмими манъи идгардак дар рӯзи идҳои мазҳабӣ дар ҷомеа вокуниши гуногунро ба миён овард. Теъдоде онро ҷонибдорӣ карда, гуфтанд, идгардак барои кӯдакон бехатар нест ва дар ин шевае, ки баргузор мешавад, барои ҷомеаи тоҷикӣ бегона аст. Гурӯҳи дигар гуфтанд, ин як манбаи хушнудии кӯдакон аст ва бо қабули қонун наметавон пеши роҳи кӯдаконро гирифт ва онҳоро аз хурсандӣ боздошт.

Сокинон ба маҳдудиятҳои нав чӣ назар доранд? Муфассал дар навори мо бубинед.

Лоиҳаи қонун то ҳол аз ҷониби палатаи болоии парлумон ва президент тасдиқ нашудааст, аз ин рӯ меъёрҳои он дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон, ки ба 16 июн рост меояд, амал намекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.