Эмомалӣ Раҳмон қонуни манъи либоси бегона ва идгардакро имзо кард

Имрӯз, 20-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон қонуни баҳсбарангези манъи воридоту фурӯшу ба бар кардани либоси “бегона” ва идгардак дар ҷашнҳои Рамазону Қурбонро имзо кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад. Манбаъ навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», […]

Asia-Plus

Имрӯз, 20-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон қонуни баҳсбарангези манъи воридоту фурӯшу ба бар кардани либоси “бегона” ва идгардак дар ҷашнҳои Рамазону Қурбонро имзо кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.

Манбаъ навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо» имзо гузошт.

Хадамот дар шарҳи имзои қонунҳои танзими ҷашну маросим ва масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак навиштааст, ки он “ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму донишомӯзӣ, тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ равона шудаанд”.

Ба гуфтаи манбаъ, қонунҳои баимзорасида ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва қонунияту тартибот равона шудаанд.

Баъди дар матбуот ба нашр расидани қонун он ба ҳукми иҷро медарояд.

Дирӯз, 19-уми июн, Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палати болоии парлумон қонуни баҳсбарангези манъи фурӯшу пӯшидани либоси бегона ва идгардак барои кӯдаконро қабул карда буд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 8‑уми май палатаи поёнии парлумон Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”-ро қабул кард, ки он “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ва дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак)”-ро манъ мекунад.

Лоиҳаи қонун аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон ворид шуд ва вакилон ҳам онро пазируфтанд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, дар ҳузури вакилон ҳадафи ин тағйиротро "беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон" номид.

Тасмими манъи идгардак дар рӯзи идҳои мазҳабӣ ва пӯшидани либоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб дар ҷомеа вокуниши гуногунро ба миён овард. Ҳамчунин, дар шабкаҳои иҷтимоӣ наворҳое пахш шуд, ки кормандони номаълум бархе занонро боздошт ва маҷбур мекунанд, ки сатрашонро кашанд ва ё онро ба “усули тоҷикӣ” банданд. Гурӯҳи дигар аз ин тасмим ҳимоят карданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯраи уламои Тоҷикистон дар як баромади худ дар ТВ “Тоҷикистон” аз тарҳи ин қонун ҳимоят карда, гуфта буд, ки либоси миллӣ ҳам бояд мувофиқи муқаррароти ислом бошад.

Ин дар ҳолест, ки фурӯшандагон аз муқаррароти нави лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ибрози нигаронӣ доранд.

Барои риоя накардани он ҷарима таъин шудааст, вале ҳоло миқдори он муайян нест. Ҳамзамон, то ҳол аниқ гуфта нашудааст, ки кадом намуди либос “ба фарҳанги миллӣ бегона” аст ва фурӯшу пӯшидани он мумкин нест.

Чунин сангаргириҳо дар манъи идгардаки кӯдакон низ буд. Теъдоде онро ҷонибдорӣ карда, гуфтанд, идгардак барои кӯдакон бехатар нест ва дар ин шевае, ки баргузор мешавад, барои ҷомеаи тоҷикӣ бегона аст. Гурӯҳи дигар гуфтанд, ин як манбаи хушнудии кӯдакон аст ва бо қабули қонун наметавон пеши роҳи кӯдаконро гирифт ва онҳоро аз хурсандӣ боздошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?