Гоҳ болову гоҳ поён. Таҳримҳо нисбати Биржаи Маскав ва ноустувории қурби рубл дар Тоҷикистон

Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон давоми як шабонарӯз 6 банд поин рафт. Агар рӯзи 20 июн 1000 рубл тибқи қурби Бонки миллӣ 127,3 сомонӣ нарх дошт, пас субҳи 21 июн қурби расмӣ – 121,2 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 13-уми июн 1000 рубли русӣ тибқи қурби расмии ҳамарӯза муқарраршуда аз  ҷониби Бонки миллии […]

Asia-Plus

Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон давоми як шабонарӯз 6 банд поин рафт. Агар рӯзи 20 июн 1000 рубл тибқи қурби Бонки миллӣ 127,3 сомонӣ нарх дошт, пас субҳи 21 июн қурби расмӣ – 121,2 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 13-уми июн 1000 рубли русӣ тибқи қурби расмии ҳамарӯза муқарраршуда аз  ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 120,3 сомонӣ нарх дошт.

Яъне давоми як ҳафта қурби рубли Русия дар аввал 7 сомонӣ зиёд шуда, баъдан 6,1 сомонӣ поин рафт.

Қобили зикр аст, ки аслан қурби харид ва фурӯши асъор дар бонкҳо фарқ мекунад. Масалан, дар хазина (кассаҳо)-и "Алиф Бонк" рублро чанде пеш бо қурби 1000 рубли русӣ – 120 сомонӣ иваз кардан мумкин буд.

Дар ҳамин давра дар Тоҷикистон дар қурби доллар ва евро низ каме тағйирот сурат гирифт: агар 13-уми июн қурби 1 доллар 10,7287 сомониро ташкил медод, пас имрӯз ба 10,6378 сомонӣ баробар аст. Мутаносибан қурби евро аввал 11,5441 сомонӣ ва айни замон 11,4090 сомониро ташкил медиҳад.

Тағйироти қурби рубл ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар худи Русия баъди аз ҷониби Вазорати молияи ИМА ба рӯйхати таҳримӣ шомил кардани Биржаи Маскав (MOEX) оғоз шуд. Муомилоти биржавии доллар ва евро, ки бар асоси онҳо Бонки марказии Русия қурби расмиро муқаррар мекард, дигар гузаронида намешаванд. Ҳоло ин қурб тибқи омори мухталифи бонкӣ ва натиҷаҳои муомилот дар бозорҳои ғайрибиржавӣ муайян карда мешавад.

Таъсири омилҳои бунёдӣ

Ноустувории қурби рубл дар Русия ҳамчунин дар фарқияти бузурги байни нархҳои харид ва фурӯши асъор барои шаҳрвандон зоҳир мегардад.

Аз аввали ҳафта Бонки марказии Русия аввал пайдарпай қурби рублро нисбат ба доллар ва евро боло карда, сипас онро поин бурд.

Рӯзи душанбе, 17-уми июн, доллар 89 рубл ва евро – 95,15 рубл буд. Қурби расмӣ барои 21-уми июн 85,41 рубл барои 1 доллар ва 91,45 рубл барои 1 евро муқаррар шудааст.

Дар замимаҳои бонкӣ низ қурби асъор тағйир ёфта, дар аксар ҳолатҳо аз қурби расмӣ фарқ мекунад. Ва дар ҳама гуна ҳолат одатан фарқи байни нархи харид ва фурӯш назаррас боқӣ мемонад.

Ба қурби асъор ҳамчунин омилҳои асосӣ таъсир мерасонанд, яъне вазъи савдои хориҷӣ ва воридоти асъор ба кишвар, ки асосан аз ҳисоби содиркунандагон аст ва онҳо мисли пешин даромадҳои худро аз асъор гирифта, уҳдадоранд, ки қисмате аз онро ба рубл иваз кунанд.

Коршиноси масоили иқтисодӣ Дмитрий Полевой бар ин назар аст, ки дар ҳафтаҳои наздик ва ҳатто моҳҳо устуворшваии қурби рубл метавонад идома ёбад. Дар сенарияи “хушбинона” (оптимистӣ) ӯ қурби 70-80 рубл барои долларро аз эҳтимол дур намедонад. Вале бо назардошти берун рафтани сармоя, ба ақидаи ӯ, қурб метавонад дар сатҳи 85-90 рубл барои 1 доллар устувор шавад.

Мутаносибан қурби рубл дар Тоҷикистон низ тағйир хоҳад ёфт.

Қурби сомонӣ нисбат ба рубл барои оилаҳои Тоҷикистон нақши муҳим дорад, зеро ба аксари онҳо муҳоҷирон аз Русия пул мефиристанд. Тибқи дастури Бонки миллии Тоҷикистон, ки аз соли 2016 амал мекунад, маблағи интиқолёфта бо рубл танҳо бо асъори миллӣ (сомонӣ) бо қурби муқарраршуда дар вақти гирифтани он дода мешавад. Аз ин рӯ, вақте ки қурби рубл нисбат ба сомонӣ боло меравад, оилаҳои муҳоҷирон ҳам зиёдтар пул мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.