Ҳаҷ-2024: Аввалин гурӯҳи ҳоҷиён ба ватан баргаштанд

Субҳи имрӯз, 24-уми июн, аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик аз шаҳри Мадина ба Душанбе баргаштанд. Онҳоро намояндагони мақомоти масъул ва наздикону пайвандонашон бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд. Ин гурӯҳи ҳоҷиён дар ҳайати 165 нафар то рӯзи 25-уми май ба Арабистони Саудӣ рафта буданд ва давоми як моҳ он ҷо маносики ҳаҷро анҷом доданд. Аз Кумитаи дин, танзими […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Исматуллоҳи Абдуллоҳ, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 24-уми июн, аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик аз шаҳри Мадина ба Душанбе баргаштанд. Онҳоро намояндагони мақомоти масъул ва наздикону пайвандонашон бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.

Ин гурӯҳи ҳоҷиён дар ҳайати 165 нафар то рӯзи 25-уми май ба Арабистони Саудӣ рафта буданд ва давоми як моҳ он ҷо маносики ҳаҷро анҷом доданд.

Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки бозгашти ҳоҷиён то 10-уми июл идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки имсол Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим чанде пештар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки беш аз 6 ҳазор шаҳрванди кишвар имсол барои адои маносики ҳаҷ сафар карданд.

Дар соли 2024 зойирини тоҷик барои адои маросими ҳаҷи фарзӣ нисбат ба соли 2023 камтар маблағ пардохт карданд. Арзиши он соли гузашта 59 ҳазор сомонӣ ва соли 2022 – 61 ҳазор сомониро ташкил дода, имсол ба 57 ҳазор сомонӣ баробар буд.

Ҳамчунин, се нафар сокини кишвар дар пайи гармии ҳаво дар Арабистони Саудӣ ҷон бохтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.