spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон рафт



           

Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ озими Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.





           

Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни боздиди корӣ Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва дигар мақомоти ҳукумати ин кишвар дидору гуфтушунид хоҳад кард. «Дар дидору гуфтушунидҳои президенти Тоҷикистон бо мақомоти раҳбарии Эрон ба масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.




           

Тибқи иттилои манбаъ, сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистон оид ба вазъи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор хоҳанд намуд. Намояндаи дафтари матбуоти сарвари давлат афзуд, ки президенти Тоҷикистонро дар сафар раҳбарияти бахши иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони вазорати умури хориҷӣ ва аъзои ҳукумат ҳамроҳӣ мекунанд. Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ президенти Тоҷикистон аз Эрон боздиди расмӣ анҷом дода буд.




           

Мувофиқи хабари қаблан интишоргардида, пас аз анҷоми сафар ба Эрон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар

конфронси байнулмилалӣ оид ба фаъолияти минбаъда дар соҳаи молиягузории рушд, ки соли 2002 дар Монтеррей (Мексика) ба тасвиб расида буд, озими шаҳри Доха – пойтахти Қатар хоҳад шуд. Конфронс аз 29-уми ноябр то 3-уми декабр доир мегардад.





           

Тибқи иттилои Маркази иттилооти Созмони Милали Муттаҳид, конфронси мазкур ба таҳлили иҷрои қарорҳои дар соли 2002 дар Монтеррей қабулгардида бахшида мешавад. Дар конфронси Монтеррей давлатҳо тавофуқ ҳосил карда буданд, ки кишварҳои мутараққиву сарватманд бо мақсади рушд ҳаҷми кӯмакҳоро ба кишварҳои қашшоқ зиёд мекунанд ва ин кишварҳо дар навбати худ ӯҳдадор шуда буданд, ки дар давлатҳои худ ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ роҳандозӣ намуда, собит месозанд, ки маблағи кӯмакҳо барои иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола истифода бурда шудаанд.




           

Маркази иттилооти СММ ҳамчунин хабар медиҳад, ки қарорҳои соли 2002 дар Монтеррей қабулгардида ба афзоиши ҳаҷми кӯмакҳо бо мақсади рушд аз ҷониби кишварҳои мададрасон мусоидат кардааст.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...